https://sputnik.tj/20211222/zukom-omikron-farqiyat-1044316811.html
Зукомро аз омикрон чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст?
Зукомро аз омикрон чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст?
Sputnik Тоҷикистон
Аломатҳои штамми omicron ва шамолхӯрии умумӣ якхелаанд, аммо ҳангоми сирояти коронавирус дарди сар ва хастагӣ зудтар пайдо мешаванд.
2021-12-22T12:24+0500
2021-12-22T12:24+0500
2021-12-22T20:00+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
тандурустӣ
коронавирус
омикрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040589043_0:65:1920:1145_1920x0_80_0_0_63c5d24c455e2fbe98e2e1d10c04cfbf.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Аломатҳои штамми омикронии коронавирус ба шамолхӯрии умумӣ хеле монанданд ва фарқ кардани онҳо торафт душвортар мешавад. Дар ин бора вирусшиноси бритониёӣ Лоренс Янг дар суҳбат бо "The Sun" хабар дод. Қайд карда мешавад, ки шумораи гирифторон рӯз то рӯз афзоиш меёбад ва аксари вақт ягона роҳи фарқ кардани "омикрон" аз зуком санҷиши ПСР мебошад. Ба гуфтаи пизишк, чоряки одамоне, ки гирифтори зуком ҳастанд, воқеан ба омикрон сироят шудаанд. Янг шарҳ дод, ки зуком дар давоми чанд рӯз инкишоф меёбад.Ёдовар мешавем, бори нахуст штамми нави коронавирус дар қитъаи Африқо, дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд.Фарқи асосии он аз дигар штаммҳо дар вуҷуди таҳаввул дар омикрон гуфта мешавад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин варианти вирусро "нигароникунанда" эълон карда ва онро бо ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ "омикрон" номгузорӣ кард.Коршиносон қайд мекунанд, ҳам одамоне, ки вирусро аз сар гузаронидаанд ва ҳам ононе, ки ваксина гирифтаанд, ба омикрон сироят меёбанд.Дар Русия навъи нави коронавирус дар 30 нафар тасдиқ шудааст. Дар Тоҷикистон, бино ба гузоришҳои Вазорати тандурустӣ, беш аз як моҳ мешавад, ки ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.Олимони Чин: Омикрон ба таври сунъӣ эҷод шудТабибон хастагии шадид, дарди сар, дарди бадан ва сареъ шудани кори дилро аз нишонаҳои омикрон мегӯянд.Қаблан раиси "Роспотребнадзор" Анна Попова гуфта буд, ки паҳншавии омикрон нигарониҳои ҷиддиро ба бор меорад, зеро дар Африқо аллакай 75%-и ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми нав рост меояд.
https://sputnik.tj/20211222/elon-panj-nishona-omikron-1044309202.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/02/1040589043_140:0:1845:1279_1920x0_80_0_0_c4a65b3e6f67679e2bae492195bd923e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
зуком, омикрон, тандурустӣ, ҷаҳон, саломатӣ,
зуком, омикрон, тандурустӣ, ҷаҳон, саломатӣ,
Зукомро аз омикрон чӣ тавр фарқ кардан мумкин аст?
12:24 22.12.2021 (Навсозишуда: 20:00 22.12.2021) Аломатҳои штамми омикрон ва шамолхӯрӣ якхелаанд, аммо ҳангоми сирояти коронавирус дарди сар ва хастагӣ зудтар ҳувайдо мешаванд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Аломатҳои штамми омикронии коронавирус ба шамолхӯрии умумӣ хеле монанданд ва фарқ кардани онҳо торафт душвортар мешавад.
Дар ин бора вирусшиноси бритониёӣ Лоренс Янг дар суҳбат бо "
The Sun" хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки шумораи гирифторон рӯз то рӯз афзоиш меёбад ва аксари вақт ягона роҳи фарқ кардани "омикрон" аз зуком санҷиши ПСР мебошад.
Ба гуфтаи пизишк, чоряки одамоне, ки гирифтори зуком ҳастанд, воқеан ба омикрон сироят шудаанд.
"Аломатҳо ба ҳам монанданд, аммо аломатҳои шамолхӯрӣ тадриҷан пайдо мешаваед. Вале зимни сироят шудан бо омикрон дарди сар ва хастагӣ зуд пайдо мешаванд", - гуфт табиб.
Янг шарҳ дод, ки зуком дар давоми чанд рӯз инкишоф меёбад.
Ёдовар мешавем, бори нахуст штамми нави коронавирус дар қитъаи Африқо, дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана пайдо шуд.
Фарқи асосии он аз дигар штаммҳо дар вуҷуди таҳаввул дар омикрон гуфта мешавад. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин варианти вирусро "нигароникунанда" эълон карда ва онро бо ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ "омикрон" номгузорӣ кард.
Коршиносон қайд мекунанд, ҳам одамоне, ки вирусро аз сар гузаронидаанд ва ҳам ононе, ки ваксина гирифтаанд, ба омикрон сироят меёбанд.
Дар Русия навъи нави коронавирус дар 30 нафар тасдиқ шудааст. Дар Тоҷикистон, бино ба гузоришҳои Вазорати тандурустӣ, беш аз як моҳ мешавад, ки ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.
Табибон хастагии шадид, дарди сар, дарди бадан ва сареъ шудани кори дилро аз нишонаҳои омикрон мегӯянд.
Қаблан раиси "Роспотребнадзор"
Анна Попова гуфта буд, ки паҳншавии омикрон нигарониҳои ҷиддиро ба бор меорад, зеро дар Африқо аллакай 75%-и ҳолатҳои сироятёбӣ ба штамми нав рост меояд.