Ағбар: Толибон барои аъзои “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаи Афғонистон содир мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевПосол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар
Посол Афганистана в Таджикистане Мухаммад Захир Агбар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Обуна шудан
Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, толибон барои шибҳинизомиёни “Ал-қоида”* ва ДИИШ* шиносномаҳои Афғонистон содир мекунанд
ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Муҳаммадзоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ахиран зимни як нишасти матбуотӣ гуфт, толибон барои аъзои гурӯҳи “Ал-қоида” ва ҷангҷӯёни ДИИШ* шиносномаҳои Афғонистон медиҳанд.
Оқои Ағбар гуфт: "Тамоми ҷаҳон бояд бидонад, ки толибон ба ҳама террористҳои “Ал-қоида”* ва ДИИШ* дар кишвар шиносномаҳои Афғонистон медиҳанд. Ин як нишонаи ҷиддӣ барои тамоми башарият аст, ки террористҳоро қонунӣ месозанд", - гуфт оқои Ағбар.
Ба гуфтаи ӯ, толибон дар Афғонистон чандон зиёд ҳукмронӣ нахоҳанд кард.
Ёдрас менамоем, чанде пеш Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи толибон ба расонаҳо гуфта буд, ки ДИИШ* дигар ба Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ намекунад.
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.11.2021
Даргирӣ миёни толибон ва ДИИШ* дар шаҳри Қандаҳор
Ба гуфтаи сухангӯи толибон, ДИИШ* як гурӯҳи хурде аст, ки ҳоло дар Кобул ва Нангарҳор пароканда шудааст.
Муҷоҳид гуфт, даҳҳо паноҳгоҳи ин гурӯҳ аз сӯйи толибон тахриб шуд.
Аз замони ба қудрат расидани толибон дар Афғонистон ДИИШ* дар чанд минтақаи ин кишвар амалиётҳои террористӣ анҷом додааст.
Бояд қайд кард, ки чанде пеш генерали амрикоӣ Фрэнк Маккензи гуфта буд, бо хуруҷи Амрико дар моҳи августи соли равон ДИИШ* ва “Ал-қоида” дар хоки Афғонистон андаке рушд карда ва радёбии ин гурӯҳ низ бо мушкил мувоҷеҳ шудааст.
* - гурӯҳи террористиии мамнуъ дар қаламрави Русия ва дигар кишварҳои ҷаҳон
Лентаи хабарҳо
0