https://sputnik.tj/20211228/uzbekiston-nizomi-intiqoli-puli-muhojironro-1044465283.html
Ӯзбекистон низоми интиқоли пули муҳоҷиронро беҳтар мекунад
Ӯзбекистон низоми интиқоли пули муҳоҷиронро беҳтар мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Ӯзбекистон аз таъсиси “Низоми пардохти ягонаи фаромарзии интиқоли пул” хабар дод
2021-12-28T16:10+0500
2021-12-28T16:10+0500
2021-12-28T20:23+0500
муҳоҷират
бонк
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
муҳоҷир
низом
интиқоли пул
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_0:125:1200:800_1920x0_80_0_0_d48c776606d95492775869e27ed6c771.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон пешниҳоди таъсиси низоми ягонаи интиқоли пул аз хориҷи кишварро ба тасвиб расонд, иттилоъ додааст хабаргузории “Интерфакс” дар истинод ба дафтари матбуотии Девони Вазирони кишвар ин кишвар.Манбаъ шарҳ додааст, ки низоми пардохти ягонаи фаромарзии интиқоли пул дар заминаи Бонки миллии равобити иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.Намояндагии Бонки миллии Ӯзбекистон дар Маскав - "Азия-Инвест Банк" дар Русия барои анҷоми тасфияҳисоби додуситади байналмилалӣ баргузида шудааст.Дар чаҳорчӯби ин низом ҳукумат ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки лоиҳаи қарзии пӯшиши масорифи ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Русияро таҳия намоянд.Бино бар иттилои Бонки марказии Ӯзбекистон, ҳаҷми интиқоли фаромарзии шахсони воқеӣ ба Ӯзбекистон дар соли 2020 6,03 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2019 17,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст.Дар ҳамин ҳол интиқоли пул аз Русия аз 5,07 миллиард доллар ба 4,81 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.Бонки миллӣ умедвор аст, ки дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли пул аз хориҷ ба 8 миллиард доллар мерасад.Тибқи маълумоти расмӣ, дар аввали соли 2021 беш аз 1,6 миллион нафар (тақрибан 20 фоизи аҳолии коргар) шаҳрванди Узбекистон берун аз қаламрави ин кишвар, аз ҷумла ҳудуди 1,2 миллион нафари онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекарданд.
https://sputnik.tj/20211213/si-sol-idm-uzbekiston-video-1044125278.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032251624_83:0:1150:800_1920x0_80_0_0_5a45082b4c41dd00678af0c7bc8defa0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ӯзбекистон, осиёи марказӣ, интиқоли пул, низоми пардохт
ӯзбекистон, осиёи марказӣ, интиқоли пул, низоми пардохт
Ӯзбекистон низоми интиқоли пули муҳоҷиронро беҳтар мекунад
16:10 28.12.2021 (Навсозишуда: 20:23 28.12.2021) Мақомоти Ӯзбекистон аз таъсиси низоми пардохти ягонаи фаромарзии интиқоли пул хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ҳукумати Узбакистон пешниҳоди таъсиси низоми ягонаи интиқоли пул аз хориҷи кишварро ба тасвиб расонд, иттилоъ додааст хабаргузории “Интерфакс” дар истинод ба дафтари матбуотии Девони Вазирони кишвар ин кишвар.
Манбаъ шарҳ додааст, ки низоми пардохти ягонаи фаромарзии интиқоли пул дар заминаи Бонки миллии равобити иқтисодии хориҷии Ӯзбекистон таъсис дода мешавад.
Намояндагии Бонки миллии Ӯзбекистон дар Маскав - "Азия-Инвест Банк" дар Русия барои анҷоми тасфияҳисоби додуситади байналмилалӣ баргузида шудааст.
Дар чаҳорчӯби ин низом ҳукумат ба сохторҳои дахлдор супориш дод, ки лоиҳаи қарзии пӯшиши масорифи ба кор таъмин намудани шаҳрвандони Ӯзбекистон дар Русияро таҳия намоянд.
Бино бар иттилои Бонки марказии Ӯзбекистон, ҳаҷми интиқоли фаромарзии шахсони воқеӣ ба Ӯзбекистон дар соли 2020 6,03 миллиард долларро ташкил дода, нисбат ба соли 2019 17,4 миллион доллар афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол интиқоли пул аз Русия аз 5,07 миллиард доллар ба 4,81 миллиард доллар коҳиш ёфтааст.
Бонки миллӣ умедвор аст, ки дар соли 2021 ҳаҷми умумии интиқоли пул аз хориҷ ба 8 миллиард доллар мерасад.
Тибқи маълумоти расмӣ, дар аввали соли 2021 беш аз 1,6 миллион нафар (тақрибан 20 фоизи аҳолии коргар) шаҳрванди Узбекистон берун аз қаламрави ин кишвар, аз ҷумла ҳудуди 1,2 миллион нафари онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекарданд.