https://sputnik.tj/20211228/rasonaho-tolibon-zanon-etirozgar-kobul-otash-kushodand-1044462538.html
Расонаҳо: Толибон сӯйи занони эътирозгар дар Кобул оташ кушоданд
Расонаҳо: Толибон сӯйи занони эътирозгар дар Кобул оташ кушоданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳоло маълумот дар мавриди қурбониёну захмиён рӯи даст нест
2021-12-28T14:55+0500
2021-12-28T14:55+0500
2021-12-28T19:57+0500
иҷтимоъ
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042025172_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_901cd3fc1372824e68351f2236174920.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Толибон ба тазоҳуроти занони Афғонистон дар Кобул вокуниши мусаллаҳона нишон доданд. Хабаргузории афғонистонии "Asvaka" иттилоъ дод, ки толибон сӯйи занони эътирозгар оташ кушоданд.Манбаъ меафзояд, ҳодиса дар минтақаи бемористони созмони башардӯстонаи итолиёвии "Emergency" рух додааст. Дар бораи талафот ва захмиён ҳоло маълумоте рӯи даст нест.Қаблан шабакаи телевизионии "TOLOnews" хабар дода буд, ки гурӯҳе аз занон дар пойтахти Афғонистон тазоҳуроти эътирозӣ доир намуда, талаби эҳтироми ҳуқуқ ва беҳбуди шароити зиндагияшонро кардаанд.Ин шабака бо истинод ба шиорҳои занони норозӣ мегӯяд: "Мо садои мардуми гурусна ҳастем. Занҳо аз хоб бедор шуданд, мо аз табъиз нафрат дорем".Гуфта мешавад, дар тазоҳурот даҳҳо зани афғонистонӣ иштирок карданд.Бояд гуфт, ин эътирози нахустини занони афғонистонӣ набуда, онҳо қаблан ҳам норизогии худро алайҳи сиёсати толибон баён карда буданд.Чанд моҳ пеш занони ин сарзамин бо шиорҳои "Зан инсон аст!", "Мо гуруснаем!" ва "Сукути СММ шармандагист!" садо баланд карда буданд.Толибон дар аксари минтақаҳои Афғонистон занону духтаронро аз таҳсилу кор маҳрум карданд. Маҳз ҳамин маҳдудиятҳо норизогии занонро барангехт.Феълан ҳукумати муваққати толибонро ягон кишвар ба расмият нашинохтааст.
https://sputnik.tj/20211228/ghani-fosidtarin-fard-sol-1044453931.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/02/1042025172_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_47ddbe13c8668a6d66f192c728ad60b9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон толибон
Расонаҳо: Толибон сӯйи занони эътирозгар дар Кобул оташ кушоданд
14:55 28.12.2021 (Навсозишуда: 19:57 28.12.2021) Ҳоло маълумот дар мавриди қурбониёну захмиён рӯи даст нест
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Толибон ба тазоҳуроти занони Афғонистон дар Кобул вокуниши мусаллаҳона нишон доданд. Хабаргузории афғонистонии "
Asvaka" иттилоъ дод, ки толибон сӯйи занони эътирозгар оташ кушоданд.
Манбаъ меафзояд, ҳодиса дар минтақаи бемористони созмони башардӯстонаи итолиёвии "Emergency" рух додааст. Дар бораи талафот ва захмиён ҳоло маълумоте рӯи даст нест.
Қаблан шабакаи телевизионии "TOLOnews" хабар дода буд, ки гурӯҳе аз занон дар пойтахти Афғонистон тазоҳуроти эътирозӣ доир намуда, талаби эҳтироми ҳуқуқ ва беҳбуди шароити зиндагияшонро кардаанд.
Ин шабака бо истинод ба шиорҳои занони норозӣ мегӯяд: "Мо садои мардуми гурусна ҳастем. Занҳо аз хоб бедор шуданд, мо аз табъиз нафрат дорем".
Гуфта мешавад, дар тазоҳурот даҳҳо зани афғонистонӣ иштирок карданд.
Бояд гуфт, ин эътирози нахустини занони афғонистонӣ набуда, онҳо қаблан ҳам норизогии худро алайҳи сиёсати толибон баён карда буданд.
Чанд моҳ пеш занони ин сарзамин бо шиорҳои "Зан инсон аст!", "Мо гуруснаем!" ва "Сукути СММ шармандагист!" садо баланд карда буданд.
Толибон дар аксари минтақаҳои Афғонистон занону духтаронро аз таҳсилу кор маҳрум карданд. Маҳз ҳамин маҳдудиятҳо норизогии занонро барангехт.
Феълан ҳукумати муваққати толибонро ягон кишвар ба расмият нашинохтааст.