Пешниҳоди 17 варзишгари тоҷик барои дарёфти кумаки молӣ дар ҷиҳати омодагӣ ба олимпиада

© Сомонаи Кумитаи миллии олимпии ТоҷикистонҶаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон
Ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.12.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон феҳрасти 17 варзишгарро барои дарёфти дастгирии молӣ пешниҳод кардааст
ДУШАНБЕ, 7 дек – Sputnik. Кумитаи иҷроияи КМО тақсимоти маблағи Барномаи дастгирии молии варзишгарон барои олимпиадаи Париж-2024-ро миёни 17 варзишгари тоҷикистонӣ тасдиқ кардааст.
Дар ҷаласаи кумита, ки ҳафтуми декабр баргузор шуд, феҳраст тасдиқ гардида, барои мувофиқа ба Ҳамбастагии олимпӣ пешниҳод шудааст.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Барномаи дастгирии молии варзишгарон – Париж-2024 аз моҳи январи соли 2022 шуруъ гардида, то августи соли 2024 идома меёбад.
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2021
Рейтинги нави ҷудо: паҳлавони тоҷик якбора 110 зина боло рафт
Инчунин дар ҷаласаи ҷамъбасти соли 2021 ҳисоботи кумита дар солҳои 2017-2021, нақшаи кор ва буҷаи кумита дар соли 2022 баррасӣ шуда, барои тасдиқ ба ҷаласаи Ассамблеяи генералии кумита пешниҳод гардид. Қарор шудааст, ки ҷаласаи 21-уми Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон рӯзи 28-уми декабр дар шаҳри Душанбе даъват гардад.

Бар асоси нақшаи кори КМО, интизор меравад, ки дар соли 2022 аз 30-солагии кумита ҷашн гирифта шавад.
Инчунин соли оянда иштироки ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Чин, Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Қунияи Туркия дар назар аст.
КМО афзуд, ҳайатҳои Тоҷикистон инчунин дар бозиҳои варзишии "Бачаҳои Осиё" дар Владивостоки Русия ва Бозиҳои осиёии наврасон дар Шантоуи Чин иштирок хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0