Путин барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват шуд

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон аз Владимир Путин даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад.
ДУШАНБЕ, 28 дек – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар шаҳри Санкт-Петербург аз мизбон даъват намудааст, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон сафар кунад.
Дар ин бора дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Посухи ҷониби Русия феълан маълум нест.
Ин дар ҳолест, ки нимаи моҳи сентябри соли равон сафари раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон ва имзои чандин созишномаи ҳамкорӣ дар назар буд. Аммо ба далели гирифтории бархе аз атрофиёни Путин ба коронавирус ӯ сафарашро ба Душанбе лағв кард.
В Калужской области для мигрантов ограничат сферы работы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Путин гуфт, дар Русия як миллион шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад
Дар мавриди сафарҳои Путин дар соли 2022 ахиран котиби матбуотии раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки дар ҷадвали боздидҳои хориҷии президент феълан як сафар сабт шудааст. Нахустин сафари хориҷии Владимир Путин боздид аз Пекин хоҳад шуд, ки он ҷо дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпии зимистона иштирок мекунад. Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20 феврали соли 2022 баргузор мешаванд.
Дар зимн сухангӯи раисҷумҳури Русия таъкид намудааст, ки мулоқотҳои дигари байналмилалии Владимир Путин низ дар соли оянда дар назаранд, аммо мушахассоти онҳо ироа нашудаанд.
Лентаи хабарҳо
0