https://sputnik.tj/20211227/putin-shumor-muhojiron-rusiyaro-elon-kard-1044444959.html
Путин гуфт, дар Русия як миллион шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад
Путин гуфт, дар Русия як миллион шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад
Sputnik Тоҷикистон
Кишвардори Русия, Владимир Путин зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон аз шумораи умумии муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар гуфт
2021-12-27T20:00+0500
2021-12-27T20:00+0500
2024-01-27T15:26+0500
муҳоҷират
дар русия
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060932533_0:103:3072:1831_1920x0_80_0_0_923d273f0f2f06e1cff9d5a34b3c9377.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Русия як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба таври муваққат кору зиндагӣ мекунад. Ин ҳарфҳоро кишвардори Русия зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон кард.Тибқи маълумоти мавҷуда, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2019 ба далели маҳдудиятҳои пандемӣ ба Ватан ҳудуди 1,8 миллиард доллар ва дар соли 2020 ҳудуди 1,7 миллиард доллар интиқол додаанд. Ба гуфтаи раисиҷумҳур, Русия ба манзури ҳимоят аз иқтисоди Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш масоили марбут ба муҳоҷирати кориро ҳал мекунад. Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки 28 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, озими Русия шуд.Бори охир Путин ва Раҳмон дар остонаи таҷлил Рӯзи ғалаба, 9 май дар Маскав мулоқоти дуҷониба доир карда буданд.Моҳи сентябр раисҷумҳури Русия бояд дар нишастҳои СҲШ ва СПАД ба Душанбе меомад, аммо ба далели ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш ӯ ин сафарашро лағв кард.
https://sputnik.tj/20211227/rahmon-rusiya-sharik-asosi-tojikiston-1044441933.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0c/0f/1060932533_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_7798d5d39d3ea63e3398f8bd8ec943de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия
Путин гуфт, дар Русия як миллион шаҳрванди Тоҷикистон қарор дорад
20:00 27.12.2021 (Навсозишуда: 15:26 27.01.2024) Владимир Путин зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон шумораи умумии шаҳрвандони кишвар дар Русияро эълон кард
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Русия як миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба таври муваққат кору зиндагӣ мекунад. Ин ҳарфҳоро кишвардори Русия зимни мулоқот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон эълон кард.
"Ман таваҷҷуҳ ва ғамхории шуморо ба рушди забони русӣ медонам... Хоҳиши омӯхтани забони русӣ зиёд аст. Ин фаҳмо аст, зеро имрӯз ҳудуди як миллион нафар аз Тоҷикистон дар Русия ба сар мебарад ва кор мекунад", - изҳор кард Путин.
Тибқи маълумоти мавҷуда, муҳоҷирони тоҷик дар соли 2019 ба далели маҳдудиятҳои пандемӣ ба Ватан ҳудуди 1,8 миллиард доллар ва дар соли 2020 ҳудуди 1,7 миллиард доллар интиқол додаанд.
Ба гуфтаи раисиҷумҳур, Русия ба манзури ҳимоят аз иқтисоди Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш масоили марбут ба муҳоҷирати кориро ҳал мекунад.
Ёдовар мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти анъанавии ғайрирасмии сарони кишварҳои ИДМ, ки 28 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, озими Русия шуд.
Бори охир Путин ва Раҳмон дар остонаи таҷлил Рӯзи ғалаба, 9 май дар Маскав мулоқоти дуҷониба доир карда буданд.
Моҳи сентябр раисҷумҳури Русия бояд дар нишастҳои СҲШ ва СПАД ба Душанбе меомад, аммо ба далели ошкор шудани коронавирус дар атрофиёнаш ӯ ин сафарашро лағв кард.