Пешниҳоди маҳсулоти арзон барои милисаҳо дар Тоҷикистон

© Дафтари матбуоти ВКД ТоҷикистонЯрмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ барои кормандони мақомоти умури дохилӣ
Ярмаркаи фурӯши маҳсулоти ғизоӣ барои кормандони мақомоти умури дохилӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон барои кормандони мақомоти умури дохилӣ якрмаркаи фурӯши маҳсулоти арзон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Тасмими фурӯши маҳсулоти ғизоӣ барои кормандони мақомоти умури дохилӣ бахшида ба фарорасии Соли Нав гирифта шудааст. Ярмарка дар шафати бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баргузор гардидааст.
Дафтари матбуотии ВУД Тоҷикистон мегӯяд, маҳсулоти ғизое аз қабили гушту биринҷ, рӯғану шакар, тухму орд, картошкаю пиёз, навъҳои гуногуни мева ва дигар маҳсулоти ниёзи мардум нисбат ба бозору марказҳои савдо ҳудуди 30 фоиз арзонтар пешкаши харидорон гардид.
Таъкид шудааст, ки тамоми ин маҳсулот аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасон пешниҳод шудааст.
Доктор экономических наук, экс-замминистра сельского хозяйства и продовольствия России Леонид Холод - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2020
Холод гуфт, кай нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон паст хоҳад шуд
Хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати умури дохилӣ дар ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Ҳисор, Шаҳринав, Турсунзода, Ёвон, дар минтақаи фурудгоҳи шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҷойгир мебошанд. Ба иттилои ВУД, дар хоҷагиҳои ёрирасони мазкур парвариши маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ гардидааст.
Таъкид шудааст, ки роҳбарияти мақомоти умури дохилии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти ниёзи аввал бо нархҳои нисбатан арзон дар арафаи идҳо баргузор карда шаванд.
Лентаи хабарҳо
0