ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Леонид Холод, доктори илмҳои иқтисодӣ, собиқ муовини вазири кишоварзӣ ва озуқавории Федератсияи Русия гуфт, ки кай нархи маҳсулоти ғизоӣ дар Тоҷикистон арзон хоҳад шуд.
"Бо назардошти хусусиятҳои умумии Тоҷикистон, ин ба ҳар ҳол ба омили мавсимӣ алоқаманд аст. Картошкаи барвақтӣ аз ҷиҳати воқеӣ гарон аст, зироати асосии картошка аз кишварҳои ҳамсоя дертар мерасад", гуфт Холод ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ гандум ба таври лозима барои талаботи аҳолӣ аз хориҷа ворид карда мешавад ва ҳоло захираҳо каманд ва арзиши нигоҳдории он болост.
"Фурӯшандагон дар бозорҳо аз он истифода мебаранд, ки мол кам аст ва нархҳо боло рафта истодаанд. Нархи бодиринг ва пиёзи барвақтӣ бо сабаби ҳосили нав поин рафтанд" - гуфт коршинос.
"Дар мавриди гӯшт ва алалхусус мурғ, ки низ нархи онҳо арзон шудааст, ин натиҷаи он аст, ки аҳолӣ пули камтар дорад. Ин маҳсулоти мавсимӣ нест ва бинобар ин тағирёбии талаботро ба таври дақиқ инъикос мекунад. Инчунин метавонад тамоюли талаботро ба онҳо арзёбӣ кард" гуфт иқтисодчӣ.
Вай афзуд, ки таварруми умумӣ ба ҳама гуна иқтисодҳо хос аст.
"Агар кишварҳои содиркунандагони асосии маҳсулот ҳосили хуб ба даст оранд, пас нархҳо коҳиш хоҳанд ёфт" гуфт ӯ.
Ба ақидаи ӯ, бо вуҷуди шиддат ёфтани таваррум дар замони пандемия аз коронавирус, мо бояд коҳиши нархи ин маҳсулотро интизор шавем.
Таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-майи соли равон 5,4 фоизро ташкил дод.
Маҳсулоти хӯрокворӣ дар ин давра 10,6 фоиз афзоиш ёфт, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ ва хизматрасониҳои пулакӣ, баръакс, 0,2 ва 0,9 фоиз коҳиш ёфтанд.