https://sputnik.tj/20211228/nigaronii-prokuratura-az-faoliyati-nihodhoi-tobei-vazorati-mehnat-1044460788.html
Нигаронии прокуратура аз фаъолияти ниҳодҳои тобеи Вазорати меҳнат
Нигаронии прокуратура аз фаъолияти ниҳодҳои тобеи Вазорати меҳнат
Sputnik Тоҷикистон
Додситонии куллии Тоҷикистон роҷеъ барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар ниҳодҳои тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ як парвандаи ҷиноятӣ ва ҳафт парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда аст
2021-12-28T13:23+0500
2021-12-28T13:23+0500
2021-12-28T19:02+0500
дар тоҷикистон
парванда
вазорати меҳнат
пешниҳод
прокуратура
ширин амонзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044460666_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_6657c81d93d67e62b87433f616dfe6b9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран дар як ҷаласа бо иштироки вазири меҳнат Амонзода Ширин Шодӣ, роҳбарияти вазорат, масъулин аз дастгоҳи марказии он, мудирон, муовинони мудирон, сармуҳосибон ва масъулони шуъбаҳои кадрҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешниҳоди додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо баррасӣ гаштааст.“Пешниҳоди мазкур аз ҷониби сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ Қурбонзода Ф. ба самъи ҳозирин расонида шуда, сабабу омилҳои камбудиҳои ҷойдошта муҳокима гардиданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.Тибқи иттилои манбаъ, дар гузориш камбудиҳо ва мушкилоти мавҷудаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шаҳри Душанбе, ки мавриди санҷиш қарор гирифта буданд, дарҷ шуда, барои бартараф намудани онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуданд.Зикр гардид, ки баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта як парвандаи ҷиноятӣ ва ҳафт парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.Гуфта мешавад, аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин барои ислоҳи ин камбудиҳо ва баратараф кардани сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда дастури қатъӣ содир шудааст ва ҳамчунин вазир супориш додааст, то аз натоиҷи он ба Додситонии генералии Тоҷикистон ба таври хаттӣ хабар диҳанд.
https://sputnik.tj/20210510/prokuratura-ogohinoma-dastgohi-prezident-1039352226.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/1c/1044460666_106:0:1926:1365_1920x0_80_0_0_1213689100b1b90358a879764446666b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, додситонии кулл, қонунвайронкунӣ, вазорати меҳнат, парванда, пешниҳод
тоҷикистон, додситонии кулл, қонунвайронкунӣ, вазорати меҳнат, парванда, пешниҳод
Нигаронии прокуратура аз фаъолияти ниҳодҳои тобеи Вазорати меҳнат
13:23 28.12.2021 (Навсозишуда: 19:02 28.12.2021) Додситонии куллии Тоҷикистон барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар ниҳодҳои тобеи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ як парвандаи ҷиноятӣ ва ҳафт парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз кардааст
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ахиран дар як ҷаласа бо иштироки вазири меҳнат Амонзода Ширин Шодӣ, роҳбарияти вазорат, масъулин аз дастгоҳи марказии он, мудирон, муовинони мудирон, сармуҳосибон ва масъулони шуъбаҳои кадрҳои муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ пешниҳоди додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо баррасӣ гаштааст.
“Пешниҳоди мазкур аз ҷониби сардори Раёсати таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таълими калонсолон ва рушди ҳунармандӣ Қурбонзода Ф. ба самъи ҳозирин расонида шуда, сабабу омилҳои камбудиҳои ҷойдошта муҳокима гардиданд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар гузориш камбудиҳо ва мушкилоти мавҷудаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар шаҳри Душанбе, ки мавриди санҷиш қарор гирифта буданд, дарҷ шуда, барои бартараф намудани онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуданд.
Зикр гардид, ки баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ҷойдошта як парвандаи ҷиноятӣ ва ҳафт парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шудааст.
Гуфта мешавад, аз ҷониби вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин барои ислоҳи ин камбудиҳо ва баратараф кардани сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда дастури қатъӣ содир шудааст ва ҳамчунин вазир супориш додааст, то аз натоиҷи он ба Додситонии генералии Тоҷикистон ба таври хаттӣ хабар диҳанд.