https://sputnik.tj/20210510/prokuratura-ogohinoma-dastgohi-prezident-1039352226.html
Посухи Прокуратура баъди огоҳиномаи Дастгоҳи президент: видеоҳои "облава" беасосанд
Посухи Прокуратура баъди огоҳиномаи Дастгоҳи президент: видеоҳои "облава" беасосанд
Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи генералии Тоҷикистон баъди огоҳиномаи дастгоҳи президент ба муроҷиатномаи мардум дар бораи "облава" посух гуфтааст. Ниҳод таъкид кардааст, ки... 10.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-10T20:52+0500
2021-05-10T20:52+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
"облава"
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103021/88/1030218851_0:190:1142:832_1920x0_80_0_0_ed59d4e86de86c2de437fb5acb97c0f7.jpg
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба муроҷиати дастаҷамъонаи садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ барои бартараф кардани зуҳуроти ғайриқонунии “облава” вокуниш нишон додааст.Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.Аммо бино бар иттилои рӯзноманигор, посухи прокуратура фаъолонро қонеъ накардааст.Ёдрас мешавем, чанде пеш қаблан садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо як мактуби дастаҷамъӣ аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, роҳбари палатаи болоии парлумони кишвар хоста буданд, ба зуҳуроти ғайриқонунию шармандаовари сарбозшикор ва ё худ “облава” хотима диҳанд.Ин муроҷиатнома дар пасманзари афзоиши хабару наворҳо, дар мавриди он, ки афроди номаълум аз кӯчаю хиёбонҳо ҷавонҳоро зӯран бори мошинҳо ё худ ба истилоҳ “облава” мекунанд, ирсол карда шуд.Аммо прокуратураи генералӣ дар посух гуфтааст, "дар Тоҷикистон чунин ҳолат вуҷуд надорад".Афзун бар ин, пркуратура таъкид кардааст, ки "прокуратураи ҳарбӣ "дар даъвати баҳории соли 2021 дар кори комиссияҳои даъват таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бетараф кардани қонунвайронкуниҳо, бахусус ҳодисаҳои бо роҳи "иҳотагирӣ" ба хизмати ҳарбӣ даъват ва сафарбар кардани ҷавонон, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, беморон, аз тарафи масъулони комиссияҳои даъват содир кардани ҷиноятҳо чораҳои имконпазир андешидааст".Ба қавли Раҷаб Мирзо, онҳо (мақомот - идора) гӯё ҳамаи матолиби нашршуда ва наворҳоро мавриди санҷиш қарор дода, "санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват робита надоштаанд"."Ба ҳайси мисол танҳо аз як навореро ном мебаранд, ки он борҳо аз забони мақомот садо додааст, ки гӯё ҳамсари як ҷинояткор навори боздошти шавҳарашро сабту пахш кардааст", - афзудааст рӯзноманигор.Раҷаб Мирзо таъкид кардааст, ки "маъмурони "Ахбор барои афкор" ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назар аст, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири "ҷавоб ба хотири ҷавоб" барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст. Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин "посухҳо" имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад, афзудааст вай.Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ дастур додааст, ки шикояти мардумро аз “облава” ё худ сарбозшикори ғайриқонунӣ баррасӣ намоянд.Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон мобайнҳои моҳи апрел, баъди як ҳафтаи муроҷиати дастаҷамъонаи садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ барои бартараф кардани зуҳуроти ғайриқонунии “облава” вокуниш нишон дод.Он замон низ, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва ташаббускори ин муроҷиатнома хабар дод, ки аз Дастгоҳи раисиҷумҳур огоҳинома гирифтааст, ки номаи кушоди шаҳрвандон ба вазири мудофиа, вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ барои баррасӣ фиристода шудааст.Мақомдорони баландпояи ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар пайи баррасии муроҷиатнома, натиҷаи онро ба таври хаттӣ ба Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ва муаллифон хабар диҳанд.
https://sputnik.tj/20210418/ogohinoma-oblava-dasturi-dastgohi-prezident-rahimzoda-rahmon-1038557196.html
https://sputnik.tj/20210410/oblava-jinoyatkor-bozdosht-1035208576.html
https://sputnik.tj/20210409/murojiat-emomali-rahmon-mavridi-oblava-sharmandagist-1035189969.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103021/88/1030218851_0:83:1142:940_1920x0_80_0_0_18d01d7cfb622cb1cf5f33d974ff534f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, "облава", сиёсат
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, "облава", сиёсат
Посухи Прокуратура баъди огоҳиномаи Дастгоҳи президент: видеоҳои "облава" беасосанд
20:52 10.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Прокуратураи генералии Тоҷикистон баъди огоҳиномаи дастгоҳи президент ба муроҷиатномаи мардум дар бораи "облава" посух гуфтааст. Ниҳод таъкид кардааст, ки бештари наворҳое ки ҳамчун сарбозшикорӣ намоиш дода мешаванд, асос надоранд
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба муроҷиати дастаҷамъонаи садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ барои бартараф кардани зуҳуроти ғайриқонунии “облава” вокуниш нишон додааст.
Дар ин бора рӯзноманигори тоҷик Раҷаб Мирзо дар саҳифаи фейсбукиаш
хабар додааст.
Аммо бино бар иттилои рӯзноманигор, посухи прокуратура фаъолонро қонеъ накардааст.
Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба муроҷиатнома дар бораи "облава" ҳамон тавре посух дод, ки интизор доштем:"аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, наворҳои видеоӣ ба маъракаи даъват иртибот надоранд", - менависад вай.
Ёдрас мешавем, чанде пеш қаблан садҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо як мактуби дастаҷамъӣ аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ, роҳбари палатаи болоии парлумони кишвар хоста буданд, ба зуҳуроти ғайриқонунию шармандаовари сарбозшикор ва ё худ “облава” хотима диҳанд.
Ин муроҷиатнома дар пасманзари афзоиши хабару наворҳо, дар мавриди он, ки афроди номаълум аз кӯчаю хиёбонҳо ҷавонҳоро зӯран бори мошинҳо ё худ ба истилоҳ “облава” мекунанд, ирсол карда шуд.
Аммо прокуратураи генералӣ дар посух гуфтааст, "дар Тоҷикистон чунин ҳолат вуҷуд надорад".
"Прокуратураи генералии Тоҷикистон, бо имзои муовини Прокурори генералӣ, Сарпрокурори ҳарбӣ И. О. Зоирзода ба муроҷиатномаи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар бораи "облава" посух фиристода, мегӯяд дар Тоҷикистон чунин ҳолате ҷо надорад", - менависад ташаббускори муроҷиатнома Раҷаб Мирзо.
Афзун бар ин, пркуратура таъкид кардааст, ки "прокуратураи ҳарбӣ "дар даъвати баҳории соли 2021 дар кори комиссияҳои даъват таҳти назорати доимӣ қарор дода, баҳри пешгирӣ, ошкор ва бетараф кардани қонунвайронкуниҳо, бахусус ҳодисаҳои бо роҳи "иҳотагирӣ" ба хизмати ҳарбӣ даъват ва сафарбар кардани ҷавонон, сокинони дигар шаҳру ноҳияҳо, беморон, аз тарафи масъулони комиссияҳои даъват содир кардани ҷиноятҳо чораҳои имконпазир андешидааст".
Ба қавли Раҷаб Мирзо, онҳо (мақомот - идора) гӯё ҳамаи матолиби нашршуда ва наворҳоро мавриди санҷиш қарор дода, "санҷишҳо муайян кард, ки аксарияти мақолаҳо ба ҳолати воқеии кор мувофиқат намекунанд, ё наворҳои видеоӣ ба рафти маъракаи даъват робита надоштаанд".
"Ба ҳайси мисол танҳо аз як навореро ном мебаранд, ки он борҳо аз забони мақомот садо додааст, ки гӯё ҳамсари як ҷинояткор навори боздошти шавҳарашро сабту пахш кардааст", - афзудааст рӯзноманигор.
Раҷаб Мирзо таъкид кардааст, ки "маъмурони "Ахбор барои афкор" ин посухи Сарпрокурори ҳарбиро ба сифати як ҷавоби муносиб ва ҷиддӣ ба масъалагузориҳои худ ҳисоб накарда, ба ин назар аст, ки он ҳамон тавре интизор доштем, ба хотири "ҷавоб ба хотири ҷавоб" барои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон омода ва ба мо фиристода шудааст.
"Танҳо интизор дорем, ки ҳамон тавре дар поёни номаи худ навиштаанд, "наворҳоро ба мақомоти пешбарандаи фаъолияти операвтивӣ - ҷустуҷӯӣ ирсол кард", аз ин ниҳодҳо посухи ҷиддиро ба масъалагузориҳои худ пайдо мекунем", - таъкид кардааст Раҷаб Мирзо.
Зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернет наворҳои даҳшатнок хеле зиёд буданд ва бо чунин "посухҳо" имкони ҳалли мушкилоти вуҷуддошта вуҷуд надорад, афзудааст вай.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Шералӣ Мирзо, вазири мудофиа, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва Юсуф Раҳмон, додситони кулли ҷумҳурӣ дастур додааст, ки шикояти мардумро аз “облава” ё худ сарбозшикори ғайриқонунӣ баррасӣ намоянд.
Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон мобайнҳои моҳи апрел, баъди як ҳафтаи муроҷиати дастаҷамъонаи садҳо шаҳрванди ҷумҳурӣ барои бартараф кардани зуҳуроти ғайриқонунии “облава” вокуниш нишон дод.
Он замон низ, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик ва ташаббускори ин муроҷиатнома хабар дод, ки аз Дастгоҳи раисиҷумҳур огоҳинома гирифтааст, ки номаи кушоди шаҳрвандон ба вазири мудофиа, вазири корҳои дохилӣ, Прокурори генералӣ барои баррасӣ фиристода шудааст.
Мақомдорони баландпояи ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии Тоҷикистон муваззаф шудаанд, ки дар пайи баррасии муроҷиатнома, натиҷаи онро ба таври хаттӣ ба Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур ва муаллифон хабар диҳанд.