Муҷозоти 500 шаҳрванди Афғонистон дар Русия ба далели нақзи қавонини муҳоҷират

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкСитуация в аэропорту Минска
Ситуация в аэропорту Минска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Вазорати дохилаи Русия хабар додааст, ҳудуди 500 шаҳрванди Афғонистон аз моҳи январ то сентябри соли равон дар Русия ба далели нақзи қавонини муҳоҷират муҷозот шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилии Русия иттилоъ додаааст, ки 495 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла 480 нафар, тибқи моддаи 18.8-и Кодекси ҷиноӣ, барои нақзи қонуни муҳоҷират аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ муҷозот шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, дар ҳоли ҳозир 25 шаҳрванди Афғонистон дар боздоштгоҳҳои муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар маърази ихроҷ қарор доранд.
Вазорати умури дохилии Русия ҳамчунин илова кардааст, ки дар маҷмуъ аз моҳи январ то сентябри соли равон 6926 шаҳрванди Афғонистон дар ниҳодҳои марбути муҳоҷират сабти ном шудаанд.
Афганские дети держат тарелки в ожидании еды в городе Джелалабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2021
Вокуниши толибон ба маълумоти СММ: Дар Афғонистон ҳоло касе аз гуруснагӣ намурдааст
Ёдовар мешавем, ахиран Вазорати дифои Амрико эълон карда буд, ки дар пойгоҳҳои низомиаш беш аз 53 ҳазор муҳоҷири афғонистонӣ паноҳ бурдааст.
Ба навиштаи рӯзномаи "Вашингтон Пост", аз 17 августи соли ҷорӣ беш аз 60 ҳазор афғонистонӣ, аз ҷумлаи онҳое, ки дар гузашта ба нерӯҳои амрикоӣ ҳамкорӣ мекарданд, ба Амрико интиқол дода шудаанд. Рӯзи 7 октябр Пентагон хабар дод, ки Ҳукумати Амрико хуруҷи шаҳрвандони Афғонистон ба Амрикоро аз сар гирифтааст.
Гурӯҳи “Толибон” (мамнуъ дар Русия) амалиёти густурдаро болои нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон пас аз эълони тасмими Амрико дар бораи хуруҷи артишаш аз ин кишвар оғоз намуд. Рӯзи 15-уми август ҷангҷӯёни ин гурӯҳ бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.
Дар ҳамин ҳол Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳур аз вазифааш истеъфо дод ва кишварашро тарк кард. Рӯзи 6-уми сентябр “Толибон” аз назорат бар тамоми қаламрави Афғонистон эълон карданд. Ҳамзамон намояндагони ин гурӯҳ рӯзи 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ кишваре эътироф нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0