https://sputnik.tj/20211228/muarrifii-imkoniyatho-tojikiston-sarmoyaguzoron-dubay-1044480775.html
Муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар ҳузури сармоягузорони Дубай
Муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар ҳузури сармоягузорони Дубай
Sputnik Тоҷикистон
Дар Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат якчанд санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расид
2021-12-28T20:00+0500
2021-12-28T20:00+0500
2021-12-28T21:07+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
ама
сармоягузорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102188/82/1021888213_0:197:3073:1925_1920x0_80_0_0_bc35cc414766145c61e683d18b1735d9.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи EXPO – 2020 Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуд.Тибқи иттилои манбаъ, дар форуми мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, роҳбарияти вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, дигар ашхоси расмӣ ва намояндагони бахши хусусии ду давлат, дар маҷмУъ 140 нафар ширкат варзиданд.Иттилоъ дода шудааст, ки зимни баргузории форум имконият, соҳаҳо ва лоҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон муаррифӣ шуд.Манбаъ таъкид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз доираҳои сармоягузории ИМА барои иштирок дар лоиҳаҳои муштарак даъват кард.Ҳамзамон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон илова кард, ки дар доираи форуми мазкур миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат чанд санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
https://sputnik.tj/20211202/sherali-kabir-fursat-qudratgiri-tojikiston-nav-rasid-1043905402.html
ама
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102188/82/1021888213_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0148ff0c844bd4f3f34538d555aec5ba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ама, сармоягузорӣ, форум, имзо, созишнома, ҳамкорӣ
тоҷикистон, ама, сармоягузорӣ, форум, имзо, созишнома, ҳамкорӣ
Муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон дар ҳузури сармоягузорони Дубай
20:00 28.12.2021 (Навсозишуда: 21:07 28.12.2021) Дар Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Имороти Муттаҳидаи Арабӣ миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат чанд санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, ахиран дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар ҳошияи Рӯзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи EXPO – 2020 Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва ИМА баргузор шуд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар форуми мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, сафорати Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, роҳбарияти вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, дигар ашхоси расмӣ ва намояндагони бахши хусусии ду давлат, дар маҷмУъ 140 нафар ширкат варзиданд.
Иттилоъ дода шудааст, ки зимни баргузории форум имконият, соҳаҳо ва лоҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон муаррифӣ шуд.
Манбаъ таъкид кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон аз доираҳои сармоягузории ИМА барои иштирок дар лоиҳаҳои муштарак даъват кард.
Ҳамзамон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон илова кард, ки дар доираи форуми мазкур миёни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат чанд санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.