https://sputnik.tj/20211223/chand-donishju-tojik-belorus-tahsil-1044339085.html
Маълум шуд, чанд донишҷӯи тоҷик дар Беларус таҳсил мекунад
Маълум шуд, чанд донишҷӯи тоҷик дар Беларус таҳсил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар макотиби олии Белорус таҳсил мекунанд, рӯ ба афзоиш аст
2021-12-23T12:30+0500
2021-12-23T12:30+0500
2021-12-23T18:28+0500
дар тоҷикистон
маориф
белорус
таҳсил
донишгоҳ
квотаҳои таҳсил
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793134_0:19:3037:1727_1920x0_80_0_0_4dd2ad1cb9b9ed61731e0f6695c1bdfc.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Феълан дар донишгоҳҳои Беларус беш аз 1809 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.Дар ин бора раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар суҳбат бо сафири Беларус дар кишвар Виктор Денисенко хабар дод, менависад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон.Гуфта мешавад, дар ин мулоқот таъкид гардидааст, робитаҳои гуманитарии Тоҷикистону Беларус рушд мекунанд ва солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус таҳсил менамоянд, дар чорчӯби факултаҳои муштараке, ки таъсис меёбанд, хеле афзоиш ёфтааст. Манбаъ афзуда, ки равобити байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Беларус дар доираи беш аз 13 созишномаи байни донишгоҳҳо амалӣ мешавад. Бояд гуфт, донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ майли зиёд доранд. Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд мекунадҲоло ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ҳастанд.
https://sputnik.tj/20211223/zokirzoda-hamkori-tojikistonu-belorus-1044337913.html
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0a/1032793134_133:0:2864:2048_1920x0_80_0_0_ef721793c4c871a5821df25782f3c544.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
белорус, тоҷикистон, таҳсилот, муштарак, донишгоҳ
белорус, тоҷикистон, таҳсилот, муштарак, донишгоҳ
Маълум шуд, чанд донишҷӯи тоҷик дар Беларус таҳсил мекунад
12:30 23.12.2021 (Навсозишуда: 18:28 23.12.2021) Теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар макотиби олии Беларус таҳсил мекунанд, рӯ ба афзоиш аст
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Феълан дар донишгоҳҳои Беларус беш аз 1809 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Дар ин бора раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар суҳбат бо сафири Беларус дар кишвар Виктор Денисенко хабар дод, менависад хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон.
Гуфта мешавад, дар ин мулоқот таъкид гардидааст, робитаҳои гуманитарии Тоҷикистону Беларус рушд мекунанд ва солҳои охир теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Беларус таҳсил менамоянд, дар чорчӯби факултаҳои муштараке, ки таъсис меёбанд, хеле афзоиш ёфтааст.
"Таҳсили ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Белорус хеле бонуфуз аст, имрӯз дар ин донишкадаҳо беш аз 1809 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил мекунанд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ афзуда, ки равобити байни донишгоҳҳои Тоҷикистону Беларус дар доираи беш аз 13 созишномаи байни донишгоҳҳо амалӣ мешавад.
Бояд гуфт, донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ майли зиёд доранд.
Ҳоло ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус ҳастанд.