https://sputnik.tj/20211228/afvi-120-hazor-shahrvand-tojikiston-rusiya-1044457978.html
Русия 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро афв кард
Русия 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро афв кард
Sputnik Тоҷикистон
Инҳо шаҳрвандоне ҳастанд. ки барои нақзи қавонини Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуда буданд
2021-12-28T12:16+0500
2021-12-28T12:16+0500
2021-12-28T18:13+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101326/05/1013260554_369:75:2824:1456_1920x0_80_0_0_ac382f8e86c94e1049e41588e175434a.jpg
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ба қонуншикании кӯчак роҳ дода ва ба ин далел аз хоки он ихроҷ гашта буданд, мамнуъияти вуруди дигарбораи онҳо ба ин кишвар лағв шуд.Дар ин бора намояндаи Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст. Ӯ қайд кард, ки ҳоло ба ҳамаи онҳо иҷозаи вуруд ба Русия дода шудааст. Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз сомонаи Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи мавҷудият ё лағви мамнуъияти вуруд ба Федератсияи Русия маълумот пайдо кунанд.Ба гуфтаи вай, аксари муроҷиатҳо ба сафорати Русия дар Тоҷикистон маҳз ба ҳамин мавзуъ марбутанд.Қаблан раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов низ изҳор карда буд, муҳоҷироне, ки бидуни қарори додгоҳ ихроҷ шудаанду вурудашон ба ин кишвар мамнуъ буд, иҷозаи вуруд пайдо карданд.Вай тавзеҳ дод, дар пайи ин тағйир танҳо он муҳоҷирони корие, ки вурудашон аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ мамнуъ шуда буд, метавонанд ба Русия баргарданд.
https://sputnik.tj/20211014/zhirinovskiy-afv-muhojiron-hayrat-1042839558.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101326/05/1013260554_497:82:2795:1805_1920x0_80_0_0_52c003502212bc276601da9f9ee75eb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия тоҷикистон муҳоҷирон афв
русия тоҷикистон муҳоҷирон афв
Русия 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро афв кард
12:16 28.12.2021 (Навсозишуда: 18:13 28.12.2021) Инҳо шаҳрвандоне ҳастанд, ки барои нақзи қавонини Русия аз қаламрави ин кишвар ихроҷ шуда буданд
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Аз 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар қаламрави Федератсияи Русия ба қонуншикании кӯчак роҳ дода ва ба ин далел аз хоки он ихроҷ гашта буданд, мамнуъияти вуруди дигарбораи онҳо ба ин кишвар лағв шуд.
Дар ин бора намояндаи Вазорати умури дохилии Русия дар Тоҷикистон Алексей Егоров ба хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст.
"Дар чаҳорчӯби чанд созишномаи моҳи сентябри соли 2021 ба истилоҳ афв барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вуруди онҳо ба қаламрави Русия барои қонуншикании кӯчак мамнуъ буд, сурат гирифт. Ҳоло 120 ҳазор нафар афв шуд", - гуфт Егоров.
Ӯ қайд кард, ки ҳоло ба ҳамаи онҳо иҷозаи вуруд ба Русия дода шудааст.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд аз сомонаи Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия дар бораи мавҷудият ё лағви мамнуъияти вуруд ба Федератсияи Русия маълумот пайдо кунанд.
Ба гуфтаи вай, аксари муроҷиатҳо ба сафорати Русия дар Тоҷикистон маҳз ба ҳамин мавзуъ марбутанд.
Қаблан раиси Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов низ изҳор карда буд, муҳоҷироне, ки бидуни қарори додгоҳ ихроҷ шудаанду вурудашон ба ин кишвар мамнуъ буд, иҷозаи вуруд пайдо карданд.
Вай тавзеҳ дод, дар пайи ин тағйир танҳо он муҳоҷирони корие, ки вурудашон аз ҷониби Вазорати умури дохилӣ мамнуъ шуда буд, метавонанд ба Русия баргарданд.