Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ роҳи ғалаба бар пандемияи коронавирусро нишон дод

© REUTERS \ Carlos Garcia RawlinsПутешественница в защтной маске у железнодорожного вокзала в Пекине, Китай
Путешественница в защтной маске у железнодорожного вокзала в Пекине, Китай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Обуна шудан
Роҳбари СҶБ Гебрейесус даъват мекунад, ки то нимаи соли 2022, 70 дарсади аҳолӣ ваксина карда шаванд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд қувваҳоро муттаҳид созад, то дар нимаи соли 2022, 70 дарсади аҳолии кишвар ваксина гиранд ва бар зидди коронавирус эмин шаванд. Дар ин бора раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Гебрейесус дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Известия" хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, ҳукуматҳо бояд чораҳои махсуси тандурустиро барои омӯзиши штаммҳои нав идома диҳанд. Вай аз шаҳрвандон даъват кард, ки ниқоб пӯшанд, масофаи иҷтимоиро риоя кунанд ва аз таҷаммӯи мардум дурӣ ҷӯянд.
СҶБ инчунин зарурати бунёди системаҳои мустаҳкамтари амнияти тандурустӣ ва маблағгузории кумаки аввалияи тиббиро мебинад.
Вкусный бутерброд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Парҳезе, ки аз коронавирус муҳофизат мекунад
Ба иттилои ин созмон, шумори беморони COVID-19 дар ҷаҳон аз 276 миллион нафар гузашта, 5,3 миллион нафар фавтидаанд.
Ваксина ҳамоно роҳи боэътимоди муҳофизат аз коронавирус боқӣ мемонад.
Дар Тоҷикистон феълан ягон бемори коронавирус боқӣ намондааст ва ҳукумату вазорати беҳдошт саъй доранд, то тамоми аҳолии аз 18 - сола болоро алайҳи ин вирус ваксина кунанд ва бо ин роҳ ҳар чӣ зудтар масунияти оммавӣ ҳосил гардад.
Лентаи хабарҳо
0