Парҳезе, ки аз коронавирус муҳофизат мекунад

© silviarita / PixabayВкусный бутерброд
Вкусный бутерброд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Обуна шудан
Ғизо коронавирусро табобат карда наметавонанд, аммо имкон медиҳад, тавассути ҷилавгирӣ аз ташаккули ситокинҳо, ки яке аз сабабҳои марг дар COVID-19 ҳисобида мешаванд, илтиҳобро коҳиш диҳад
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ҳассосияти штамми нави сирояти коронавирус метавонад ба таври назаррас коҳиш ёбад, агар парҳези махсус, ки ғизоҳои табииро дар бар мегирад, риоя карда шавад.
Ин аст хулосаи олимони итолиёӣ, ки дар мақолаи маҷаллаи "Medicina" дар бораи нақши ғизои солим дар мубориза бо пандемия.
Ба гуфти олимон, навъи ғизое, ки ба қоидаҳои парҳези классикии баҳри Миёназамин асос ёфтааст, метавонад ҳамчун стратегия барои коҳиш додани шумораи ҳолатҳои вазнини COVID-19 истифода шавад.
Сиёҳ ё сабз: кадом навъи ангур муфидтар аст?
Дар доираи таҳқиқот олимони Донишгоҳи "Magna Græcia" ва Институти саратоншиносии Аврупо озмоиш карданд, ки оё парҳези "Баҳри Миёназамин" дорои хосиятҳои муҳофизатӣ аз сирояти коронавирус аст ё не.
Гап сари ин аст, ин парҳез як намуди ғизоест, ки бо истеъмоли маҳсулоти зерин вобаста аст:
мева;
сабзҷот;
лубиё;
рӯғани зайтун;
ғалладонагиҳои тозанашуда.
Инчунин, парҳези "Баҳри Миёназамин" бо истеъмоли ками вино ва маҳсулоти ширӣ фарқ мекунад.
Гумон меравад, хӯрокҳое, ки ба намуди парҳези "Баҳри Миёназамин" дохил мешаванд, дорои функсияҳои зиддиилтиҳобӣ ва иммуномодуляторӣ мебошанд, яъне онҳо метавонанд хатари инкишофи бемориҳои гуногунро коҳиш диҳанд.
Дар робита ба ин олимони итолиёӣ ҳолатҳои марговар COVID-19-ро таҳлил ва онҳоро бо риояи парҳези "Баҳри Миёназамин" алоқаманд карданд. Маълумот дар бораи 23 кишвар манфӣ баромад.
Ба гуфти олимони итолиёӣ, дар парҳези "Баҳри Миёназамин" ғизои солим бартарӣ дорад, ки дар таркибаш миқдори зиёди минералҳо, витаминҳо, кислотаҳо ва антиоксидантҳо дорад. Баръакс дар ин парҳез хӯрокҳои серравған бо миқдори зиёди қанд ва кислотаҳои равғанӣ каманд.
Прилавок с фруктами на рынке Мехргон в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.12.2021
Сурх ё зард: кадом навъи себ муфидтар аст?
Мева, сабзавот ва моҳӣ, ки ба парҳез дохил мешаванд, илтиҳоби баданро коҳиш медиҳанд. Аз ин рӯ парҳези "Баҳри Миёназамин" эҳтимол дорад ташаккули ситокинҳои гуногун - сафедаҳои хурдро, ки аз ҷониби ҳуҷайраҳои системаи иммунӣ барои фаъол кардани равандҳои иммунӣ истеҳсол мешаванд, коҳиш диҳад.
Муаллифони мақола қайд мекунанд, бо назардошти он ки мубориза бар зидди пандемия идома дорад, риояи ҳама гуна тавсия муфид аст.
Парҳез махсусан дар якҷоягӣ бо машқҳои мунтазам ва қатъи тамокукашӣ самаранок аст.
Лентаи хабарҳо
0