Хуросонӣ эътироф кард, ки толибҳо ҷавони панҷшериро иштибоҳан куштаанд

© Social mediaАбдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Обуна шудан
Абдулҳамид Хуросонӣ, роҳбари амнияти таъйинкардаи толибҳо дар Панҷшер бегуноҳии ҷавони ахиран кушташуда дар ин вилоятро эътироф кардааст
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Омири амниятии толибҳо дар Панҷшер изҳор доштааст, ҷавоне, ки қатлаш боиси эътирозҳо гардид, иштибоҳан кушта шудааст. Дар ин бора "TOLOnews" аз қавли Хуросонӣ хабар додааст.
"Ӯ шаҳид шуд, дар натиҷаи пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ", - навиштааст Sputnik Афғонистон аз қавли омири амниятии Панҷшер.
Вай таъкид намудааст, иморати исломӣ ҳар нафареро, ки худсарона кор мекунаду ба ҷиноят даст мезанад, муҷозот хоҳад кард.
Талибы в аэропорта в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.12.2021
Ҳушдори фармондеҳи толибҳо ба Покистон
Аз кушташуда Муҳаммад Оқо ном бурда мешавад, ки сокини мулкии Панҷшер будааст. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ бо нашри як иттилоия изҳор доштааст, ки марҳум ҳеч рабте ба фаъолияти зидди толибҳо надошт.
Хабаргузории "Aamaj News" чанд навор аз лаҳзаи эътирози сокинони ин минтақаро нашр намуд. Гуфта мешавад, панҷшериҳо пас аз он ба кӯчаҳо рехтанд, ки як сокини шинохтаи ноҳияи Оноба аз сӯи толибҳо кушта шуд.
Сокинон ҷасади марди кушташударо дар кӯчаҳо бардошта, бо шиорҳое чун "Марг ба иморати исломӣ!" ва "Зинда бод Аҳмади Масъуд!" садо медоданд.
Мақомот ваъда доданд, ки қазияро таҳқиқу дастандаркоронро муҷозот хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0