https://sputnik.tj/20211227/hushdor-farmondeh-tolibho-pokiston-1044427343.html
Ҳушдори фармондеҳи толибҳо ба Покистон
Ҳушдори фармондеҳи толибҳо ба Покистон
Sputnik Тоҷикистон
Яке аз фармондеҳони толибҳо ҳушдор додааст, ки ба ҳамлаҳои мушакии Покистон ба қаламрави Афғонистон посухи сазовор хоҳад дод
2021-12-27T13:00+0500
2021-12-27T13:00+0500
2021-12-27T18:55+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
афғонистон
покистон
мубориза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041958669_0:321:3071:2048_1920x0_80_0_0_e313dec082c87b4e21db09e79f462db6.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Абудуҷона, фармондеҳи қӯшунҳои маъруф ба "Холид ибн Ал-Валид"-и толибҳо аз посух ба зарбаҳои Покистон ҳушдор додааст.Ӯ дар пайи зарбаҳои мушакии Покистон ба бархе аз қисматҳои Афғонистон изҳор доштааст, ки агар ин ҳол идома ёбад, ҳамлаҳои ҷавобӣ амалӣ мешаванд. "Барои мо ин замини муқаддас аст. Дар ин замин шаҳидони зиёд додем. Мо муносиботи хуб бо кишварҳои ҳамсоя мехоҳем, аммо агар онҳо зарбаҳоро идома диҳанд, мо ҳам ба чунин шева посух хоҳем дод", - навиштааст Sputnik Афғонистон аз қавли Абудуҷона. Ин дар ҳолест, ки 24 декабр дар посух ба зарбаи навбатии мушакӣ ба мавзеъҳои "Таҳрики толибҳои Покистон" дар музофоти Кунар толибҳо ҷойҳои будубоши артиши покистониро мавриди тирпарронӣ қарор додаанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан генерал Бобур Ифтихор, мудири Раёсати иртибот бо ҷомеаи Вазорати дифои Покистон гуфт, кишвараш аз кафолатҳои гирифта аз толибҳо дар умури амниятӣ розист.Бобур Ифтихор дар суҳбат бо "Urdu News" изҳор дошта буд, ки толибҳо дар мавриди фаъолияти гурӯҳи дар Покистон мамнӯи "Таҳрики толибҳо" ваъдаҳое додаанд. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, ин гурӯҳи мамнуъ дар Покистон дар қаламрави Афғонистон фаъолият дорад ва феълан толибҳо бо вуҷуди ваъдаҳояшон ба Покистон мубориза бо онро аз оғоз накардаанд.
https://sputnik.tj/20211216/tolibho-majbur-kardand-qimati-non-afghoniston-kohish-1044202188.html
афғонистон
покистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/1e/1041958669_379:236:2794:2048_1920x0_80_0_0_d7e57915d468d6c1582a8246e48d0c6b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, фармондеҳ, толибҳо, афғонистон
ҳушдор, фармондеҳ, толибҳо, афғонистон
Ҳушдори фармондеҳи толибҳо ба Покистон
13:00 27.12.2021 (Навсозишуда: 18:55 27.12.2021) Яке аз фармондеҳони толибҳо ҳушдор додааст, ки ба ҳамлаҳои мушакии Покистон ба қаламрави Афғонистон посухи сазовор хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Абудуҷона, фармондеҳи қӯшунҳои маъруф ба "Холид ибн Ал-Валид"-и толибҳо аз посух ба зарбаҳои Покистон ҳушдор додааст.
Ӯ дар пайи зарбаҳои мушакии Покистон ба бархе аз қисматҳои Афғонистон изҳор доштааст, ки агар ин ҳол идома ёбад, ҳамлаҳои ҷавобӣ амалӣ мешаванд.
"Барои мо ин замини муқаддас аст. Дар ин замин шаҳидони зиёд додем. Мо муносиботи хуб бо кишварҳои ҳамсоя мехоҳем, аммо агар онҳо зарбаҳоро идома диҳанд, мо ҳам ба чунин шева посух хоҳем дод", - навиштааст Sputnik Афғонистон аз қавли Абудуҷона.
Ин дар ҳолест, ки 24 декабр дар посух ба зарбаи навбатии мушакӣ ба мавзеъҳои "Таҳрики толибҳои Покистон" дар музофоти Кунар толибҳо ҷойҳои будубоши артиши покистониро мавриди тирпарронӣ қарор додаанд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан генерал Бобур Ифтихор, мудири Раёсати иртибот бо ҷомеаи Вазорати дифои Покистон гуфт, кишвараш аз кафолатҳои гирифта аз толибҳо дар умури амниятӣ розист.
Бобур Ифтихор дар суҳбат бо "Urdu News" изҳор дошта буд, ки толибҳо дар мавриди фаъолияти гурӯҳи дар Покистон мамнӯи "Таҳрики толибҳо" ваъдаҳое додаанд.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, ин гурӯҳи мамнуъ дар Покистон дар қаламрави Афғонистон фаъолият дорад ва феълан толибҳо бо вуҷуди ваъдаҳояшон ба Покистон мубориза бо онро аз оғоз накардаанд.