Толибҳо маҷбур карданд: қимати нон дар Афғонистон коҳиш ёфт

© Фото : Из личного архива А.КнязеваУличная продажа свежеиспеченного хлеба в Кабуле, архивное фото
Уличная продажа свежеиспеченного хлеба в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Обуна шудан
Шаҳрдори Кобул қимати як дона нони хушкро даҳ афғонӣ эълом кард
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳамзамон бо коҳиши қимати доллар дар баробари пули афғонӣ шаҳрдории Кобул низ қимати як нонро 10 афғонӣ эълон кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Шаҳрдори Кобул ахиран қайд кардааст, ки нархи як нон дар кишвар аз 15 боз ба 10 афғонӣ поин оварда шуд.
Ҳамчунин қимати як нони ҷуворимакка аз 30 ба 20 афғонӣ коҳиш ёфтааст.
Бино ба хабари шаҳрдории Кобул, ин тасмим дар ҳамоҳанги бо утоқи пешаварон ва дукондорон гирифта шудааст.
Банкноты номиналом 1 доллар США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2021
Толибон "саҳван" ба сафорати Афғонистон дар Душанбе маблағи калон гузаронидаанд
Қаблан як нон дар бозорҳо аз 15 то 20 афғонӣ арзиш дошт.
Нархи маводи ғизоӣ дар Афғонистон дар ҳоле боло рафтааст, ки қурби афғонӣ дар баробари доллар ба таври назаррас поин рафтааст.
Лентаи хабарҳо
0