https://sputnik.tj/20211227/barrasi-taghyirot-qonun-hukumat-tojikiston-1044444688.html
Баррасии тағйирот ба Қонун дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон
Баррасии тағйирот ба Қонун дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода тағйирот ба қонун дар бораи ҳкуматро баррасӣ кард
2021-12-27T19:45+0500
2021-12-27T19:45+0500
2021-12-28T13:33+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
тағйирот
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_0:151:2907:1786_1920x0_80_0_0_9cdb25edab4cf273a81a4350914cf02f.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Ташаббускори тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон" худи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, хабар дод дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон. Ба иттилои манбаъ, бар асоси лоиҳаи ҷадид, эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулки узви Ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни мубориза бо коррупсия ва қонунгузории андоз амалӣ мешавад. Таъкид шудааст, ки ҳадафи тағйирот мутобиқсозии он ба қонунгузории андоз ва мубориза бо коррупсия мебошад. Тафсилоти бештари эъломиякунии амволи аъзои ҳукумат феълан ироа нашудааст. Тибқи қонуни муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон, пешниҳоди эъломия аз сӯйи довталабони мансаби давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Бар асоси ин меъёр, хоҳишмандони кор дар мақомҳои давлатӣ бояд қабл аз оғози кор дар бораи даромад ва амволи манқулу ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд.Илова бар ин, минбаъд пешниҳод накардани эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ барои ба мансаб таъйин накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад. Ҳукумати Тоҷикистон аз сарвазир, ноибони ӯ, вазирон ва роҳбарони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Раиси ҳукумат дар ҷумҳурӣ президенти кишвар ба шумор меравад.
https://sputnik.tj/20211209/maqomdor-ojonsi-fasodzada-nihod-tojikiston-1044046111.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_161:0:2744:1937_1920x0_80_0_0_4c59d7000c38eeb08fcddec27c48e99f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйирот, ҳукумат, тоҷикистон, маҳмадтоир зокирзода,
тағйирот, ҳукумат, тоҷикистон, маҳмадтоир зокирзода,
Баррасии тағйирот ба Қонун дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон
19:45 27.12.2021 (Навсозишуда: 13:33 28.12.2021) Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода тағйирот ба Қонун дар бораи ҳукуматро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Ташаббускори тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ "Дар бораи Ҳукумати Тоҷикистон" худи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, хабар дод дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси лоиҳаи ҷадид, эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулки узви Ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни мубориза бо коррупсия ва қонунгузории андоз амалӣ мешавад. Таъкид шудааст, ки ҳадафи тағйирот мутобиқсозии он ба қонунгузории андоз ва мубориза бо коррупсия мебошад. Тафсилоти бештари эъломиякунии амволи аъзои ҳукумат феълан ироа нашудааст.
Тибқи қонуни муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон, пешниҳоди эъломия аз сӯйи довталабони мансаби давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Бар асоси ин меъёр, хоҳишмандони кор дар мақомҳои давлатӣ бояд қабл аз оғози кор дар бораи даромад ва амволи манқулу ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, минбаъд пешниҳод накардани эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ барои ба мансаб таъйин накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.
Ҳукумати Тоҷикистон аз сарвазир, ноибони ӯ, вазирон ва роҳбарони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад. Раиси ҳукумат дар ҷумҳурӣ президенти кишвар ба шумор меравад.