https://sputnik.tj/20211209/maqomdor-ojonsi-fasodzada-nihod-tojikiston-1044046111.html
Мақомдори оҷонсӣ фасодзадатрин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон гуфт
Мақомдори оҷонсӣ фасодзадатрин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом мақомоти давлатӣ бештар қонуншикании марбут ба фасоди молӣ бештар ошкор мешавад.
2021-12-09T14:44+0500
2021-12-09T14:44+0500
2021-12-09T15:50+0500
дар тоҷикистон
оҷонсии зидди фасод
пешгирӣ
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832321_0:1:1280:721_1920x0_80_0_0_844ad9b4953d466a8bfe192f8469bee5.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Низоми бонкӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маориф аз сегонаи аввалини ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон будаанд. Дар ин бора Шодком Турсунзода, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Оҷонсии зидди фасод дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар суҳбат бо "Ховар" хабар додааст. Ба иттилои ин масъули оҷонсӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ бештар дар ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мушоҳида мерасанд.Ин ниҳод давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 822 санҷиш гузаронида, ба маблағи 325 миллиону 820 ҳазор 116 сомонӣ зарари молиро ошкор кардааст, гуфт Турсунзода."Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 227 миллиону 537 ҳазору 632 сомонӣ ситонида шуд ва барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида шуданд", - афзуд манбаъ.Мавсуф мегӯяд, ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар кам гаштаанд, аммо сарфи назар аз иқдомоти пешгирикунанда амалҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе шахсони мансабдори вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ иҷроӣ мешаванд.Ба гуфтаи Турсунзода, барои пешгирии содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ба ин васила коҳиш додани мизони коррупсия дар кишвар оҷонсӣ аз тамоми имконият истифода мебарад.
https://sputnik.tj/20211204/sughd-kormandon-idora-fasod-1043943940.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/10/1032832321_160:0:1121:721_1920x0_80_0_0_2db20c8ab4e35547a0c8c21b5368d43b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомдор оҷонсӣ фасодзад ниҳод тоҷикистон
мақомдор оҷонсӣ фасодзад ниҳод тоҷикистон
Мақомдори оҷонсӣ фасодзадатрин ниҳодҳоро дар Тоҷикистон гуфт
14:44 09.12.2021 (Навсозишуда: 15:50 09.12.2021) Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон гуфт, ки дар кадом ниҳоди давлатӣ қонуншикании марбут ба фасоди молӣ бештар ошкор мешавад.
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Низоми бонкӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маориф аз сегонаи аввалини ниҳодҳои фасодзадаи Тоҷикистон будаанд.
Дар ин бора Шодком Турсунзода, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, маркази матбуот ва робита бо ҷомеаи Оҷонсии зидди фасод дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар суҳбат бо "Ховар" хабар додааст.
Ба иттилои ин масъули оҷонсӣ, ҳолатҳои коррупсионӣ бештар дар ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мушоҳида мерасанд.
Ин ниҳод давоми даҳ моҳи соли ҷорӣ 822 санҷиш гузаронида, ба маблағи 325 миллиону 820 ҳазор 116 сомонӣ зарари молиро ошкор кардааст, гуфт Турсунзода.
"Дар натиҷаи тадбирҳои андешида аз маблағи ошкоргардида 227 миллиону 537 ҳазору 632 сомонӣ ситонида шуд ва барои рӯёнидани маблағи боқимонда тадбирҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида шуданд", - афзуд манбаъ.
Мавсуф мегӯяд, ҳолатҳои коррупсионӣ дар кишвар кам гаштаанд, аммо сарфи назар аз иқдомоти пешгирикунанда амалҳои коррупсионӣ ҳанӯз ҳам аз ҷониби баъзе шахсони мансабдори вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ иҷроӣ мешаванд.
Ба гуфтаи Турсунзода, барои пешгирии содир намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва ба ин васила коҳиш додани мизони коррупсия дар кишвар оҷонсӣ аз тамоми имконият истифода мебарад.