https://sputnik.tj/20211227/azim-ibrohim-dolonho-naqliyot-idm-1044430952.html
Азим Иброҳим хостори боз кардани долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ИДМ шуд
Азим Иброҳим хостори боз кардани долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ИДМ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ фаъол шавад
2021-12-27T14:20+0500
2021-12-27T14:20+0500
2021-12-27T19:22+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
вазорати нақлиёт
азим иброҳим
идм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040876727_0:0:1188:668_1920x0_80_0_0_a073116066e0dcf11bea5c6dbc768e6e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват кард, долонҳои нақлиётии байналмилалиро роҳандозӣ намоянд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин вазорат. Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҷаласаи 41-уми ҳамоҳангсозии нақлиёти кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт. Дар ин ҷаласа вазири нақлиёти Тоҷикистон аз зарурати истифодаи фанновариҳои рақамӣ ва ҷорӣ кардани низоми зеҳнии нақлиёт барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ гуфтааст.Ба гуфтаи вазир, замони истифода аз долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва боз намудани долонҳои мултимодалӣ барои ҳамлу нақл фаро расидааст. Вазорати нақлиёт тавзеҳ дод, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои кори дар соли 2021 анҷомдодашударо баррасӣ намуда, масъалаҳои марбут ба рушди долонҳои нақлиётии байналмилалиро бо ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии васеъ дар соҳа матраҳ карданд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи бандҳои барномаи то соли 2025-ро тибқи марҳилаи аввал ва стратегияи минбаъдаи рушди иқтисодии ИДМ, соҳоти бартари ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт то соли 2030, идома диҳанд.Ёдовар мешавем, дар ҳоли ҳозир аъзои ҷаласаи машваратии ҳамоҳангсозии нақлиёти кишварҳои узви ИДМ инҳоянд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Ғайр аз ин намояндагони Озарбойҷон ва Туркманистон дар ин ҷаласаҳ бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок мекунанд. * - Ҳамлу нақли мултимодалӣ ҳамлу нақли молро аз рӯи як шартнома дар бар мегирад, вале дар айни замон он бо на камтар аз ду намуди нақлиёт анҷом дода мешавад.
https://sputnik.tj/20211219/rohi-ohan-kulob-khudrav-chin-vazir-multimodali-1044256355.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/0e/1040876727_51:0:1188:853_1920x0_80_0_0_0009a77f9e0c1a28aef076e7902c6234.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азим иброҳим долон нақлиёт идазим иброҳим хостори боз кардани долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои идм
азим иброҳим долон нақлиёт идазим иброҳим хостори боз кардани долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои идм
Азим Иброҳим хостори боз кардани долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ИДМ шуд
14:20 27.12.2021 (Навсозишуда: 19:22 27.12.2021) Вазири нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод кард, долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва ҳамлу нақли мултимодалӣ* фаъол шаванд
ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил даъват кард, долонҳои нақлиётии байналмилалиро роҳандозӣ намоянд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ин вазорат.
Ӯ ин нуктаро зимни суханронӣ дар ҷаласаи 41-уми ҳамоҳангсозии нақлиёти кишварҳои узви ИДМ изҳор дошт.
Дар ин ҷаласа вазири нақлиёти Тоҷикистон аз зарурати истифодаи фанновариҳои рақамӣ ва ҷорӣ кардани низоми зеҳнии нақлиёт барои рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ гуфтааст.
Ба гуфтаи вазир, замони истифода аз долонҳои нақлиётии байналмилалӣ ва боз намудани долонҳои мултимодалӣ барои ҳамлу нақл фаро расидааст.
Вазорати нақлиёт тавзеҳ дод, ки ҳамаи иштирокчиёни ҷаласа натиҷаҳои кори дар соли 2021 анҷомдодашударо баррасӣ намуда, масъалаҳои марбут ба рушди долонҳои нақлиётии байналмилалиро бо ҷорӣ намудани технологияҳои рақамии васеъ дар соҳа матраҳ карданд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ иштирокчиён ба мувофиқа расиданд, ки татбиқи бандҳои барномаи то соли 2025-ро тибқи марҳилаи аввал ва стратегияи минбаъдаи рушди иқтисодии ИДМ, соҳоти бартари ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт то соли 2030, идома диҳанд.
Ёдовар мешавем, дар ҳоли ҳозир аъзои ҷаласаи машваратии ҳамоҳангсозии нақлиёти кишварҳои узви ИДМ инҳоянд: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон.
Ғайр аз ин намояндагони Озарбойҷон ва Туркманистон дар ин ҷаласаҳ бо ҳуқуқи овози машваратӣ иштирок мекунанд.
* - Ҳамлу нақли мултимодалӣ ҳамлу нақли молро аз рӯи як шартнома дар бар мегирад, вале дар айни замон он бо на камтар аз ду намуди нақлиёт анҷом дода мешавад.