Русия мавзуъҳои асосии музокирот бо НАТО-ро ном бурд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкФлаг НАТО
Флаг НАТО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Маскав иддаои бархе аз сиёсатмадорони Ғарб дар бораи мавзуъҳои музокироти Русия бо НАТО-ро рад намуд
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Яке аз мавзуъҳои калидии музокироти қарибулвуқӯи Русия ва НАТО васеъ нашудани эътилоф мебошад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия Мария Захарова иттилоъ дод.
Дар баробари ин Русия истодагарӣ хоҳад кард, то дар наздикии марзаш аслиҳаи хатарноки НАТО ҷой дода нашавад.
Ин шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷӣ дар қиболи изҳороти бархе аз намояндагони кишварҳо, ки гуфтанд, мавзуъҳои мазкур дар музокироти оянда баррасӣ намешаванд, садо дод.

"Инро бояд рӯшан бифаҳманд, онҳое, ки то ҳол моҳияти мавқеи Русияро дарк нанамудаанд", - қайд кард намояндаи Вазорати умури хориҷӣ.

Қаблан Маскав лоиҳаи созишномаҳо бо ИМА ва кишварҳои узви НАТО-ро пешниҳод карда буд.
Дар ин тарҳҳо бандҳои марбути кафолати тарафайни амният дар Аврупо, ҷой надодани мушакҳои миёна ва кутоҳпарвоз дар фосилаи дастрасӣ ба қаламрави ҳамдигар, худдорӣ аз васеъ кардани эътилоф, аз ҷумла аз ҳисоби кишварҳои пасошӯравӣ вуҷуд доштанд.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Ҳушдори Лавров аз ҷанг дар Аврупо дар сурати шомилшавии Украина ба НАТО
Дар зимн нодида гирифтани талаботи мазкур метавонад ба мухолифати миёни Русия ва НАТО мунҷар шавад, ҳушдор дод ноиби вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков.
Ба иттилои расонаҳо, даври аввали музокироти Маскав ва эътилоф эҳтимол 12 январи соли 2022 баргузор шавад.
Маврид ба зикр аст, ки президенти Русия Владимир Путин борҳо бар номақбул будани васеъшавии НАТО ва ҷой додани силоҳҳои зарбазан дар қаламрави Украина таъкид намуда буд. Ба гуфтаи ӯ, эътилоф барои Русия бояд кафолатҳои амниятӣ ироа намояд.
Лентаи хабарҳо
0