https://sputnik.tj/20211226/pizishk-roh-emin-shtamm-omikron-1044416393.html
Пизишк роҳи эмин мондан аз штамми омикронро гуфт
Пизишк роҳи эмин мондан аз штамми омикронро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Табиби рус роҳи боэътимоди баланд бардоштани вокуниши масуният ба штамми навбатии хатарноки COVID - 19 -ро нишон дод
2021-12-26T16:30+0500
2021-12-26T16:30+0500
2021-12-26T16:30+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043867233_0:100:1921:1180_1920x0_80_0_0_32973b545f47bdb3148b58fe44dd1194.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Масунияти пайвандӣ барои эмин мондан аз штамии нави коронавирус - омикрон даҳҳо маротиба кумак мекунад.Дар ин бора пизишки касалиҳои дарунӣ, токсиколог Алексей Водовозов дар сӯҳбат бо радиои Sputnik нақл кард. Ӯ гуфт, ин сатҳи муҳофизат барои онҳое, ки гирифтори коронавирус ва ваксина шудаанд, дастрас аст.Ин мутахассис мегӯяд, новобаста аз он ки шахс қаблан бемориро паси сар карда буд, бояд ҳатман ваксина гирад. Ба таъкиди ӯ, агар ваксина сад фисад одамро аз ин беморӣ эмин накунад, аммо ҷараёни маризиро даҳчанд сабук мегардонад.Бемороне, ки ваксина гирифтаанд, хатари пайваст шудан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ҳамчунин ба марг рӯбарӯ шудан хеле кам аст.Ба гуфтаи табиб, онҳое, ки қаблан гирифтори навъи делта шудаанд, эҳтимол аз ин навъ ҳам сироят ёбанд. Ягона роҳи бехавф сипарӣкардани бемориро ин табиб дар гирифтани ду воя ваксина мебинад.Қаблан Роспотребнадзор аз зуҳури зуди аломатҳо пас аз сироят бо омикрон хабар дода буд. Давраи инкубатсионии он аксар вақт аз се то шаш рӯз идома меёбад.
https://sputnik.tj/20211226/myasnikov-sathi-pasti-margumir-omikron-sharh-1044414864.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/01/1043867233_106:0:1813:1280_1920x0_80_0_0_5e644289a28c1726a556bc870f0dc50e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омикрон тандурустӣ
Пизишк роҳи эмин мондан аз штамми омикронро гуфт
Табиби рус роҳи боэътимоди баланд бардоштани вокуниши масуният ба штамми навбатии хатарноки COVID - 19 -ро нишон дод
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Масунияти пайвандӣ барои эмин мондан аз штамии нави коронавирус - омикрон даҳҳо маротиба кумак мекунад.
Дар ин бора пизишки касалиҳои дарунӣ, токсиколог Алексей Водовозов дар сӯҳбат бо радиои Sputnik нақл кард. Ӯ гуфт, ин сатҳи муҳофизат барои онҳое, ки гирифтори коронавирус ва ваксина шудаанд, дастрас аст.
"Ин усули самараноки эмин мондан аз омикрон мебошад ва он ҳатто аз ҷиҳати назариявӣ имконпазир аст", - афзудааст табиб.
Ин мутахассис мегӯяд, новобаста аз он ки шахс қаблан бемориро паси сар карда буд, бояд ҳатман ваксина гирад. Ба таъкиди ӯ, агар ваксина сад фисад одамро аз ин беморӣ эмин накунад, аммо ҷараёни маризиро даҳчанд сабук мегардонад.
Бемороне, ки ваксина гирифтаанд, хатари пайваст шудан ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва ҳамчунин ба марг рӯбарӯ шудан хеле кам аст.
Ба гуфтаи табиб, онҳое, ки қаблан гирифтори навъи делта шудаанд, эҳтимол аз ин навъ ҳам сироят ёбанд. Ягона роҳи бехавф сипарӣкардани бемориро ин табиб дар гирифтани ду воя ваксина мебинад.
Қаблан Роспотребнадзор аз зуҳури зуди аломатҳо пас аз сироят бо омикрон хабар дода буд. Давраи инкубатсионии он аксар вақт аз се то шаш рӯз идома меёбад.