Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Мясников сатҳи пасти маргумир аз омикронро шарҳ дод

© Sputnik / Владимир ПесняГлавный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников
Главный врач городской клинической больницы №71 имени М. Е. Жадкевича Александр Мясников - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.12.2021
Обуна шудан
Штамми омикрон ҳоло ба Тоҷикистон нарасидааст. Дар Русия феълан теъдоди ками одамон гирифтори ин навъ ҳастанд, вале дар кишварҳои хориҷ теъдоди мубталоён ҳамарӯза афзоиш меёбад
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сатҳи пасти фавт аз штамми омикронии коронавирус дар кишварҳои ғарбӣ бо сатҳи баланди ваксиназанӣ муртабит дониста мешавад, хабар медиҳад РИА "Новости" бо такя ба пизишк ва барандаи телевизион Александр Мясников.
Мутахассис маълумоти охиринро дар бораи шумораи фавтидагон аз коронавирус дар Фаронса, ИМА, Британияи Кабир ва Исроил ҳисобу муқоиса намудааст.
Ба таъкиди ӯ, фавт аз навъи нави коронавирус дар ин кишварҳо мутаносибан 0,1 -0,4 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин ночиз аст.

"Ба назар чунин мерасад, ки омикрон, воқеан, дар як шакли хеле муътадил идома дорад ва фавт дар кишварҳое, ки сатҳи баланди ваксиназанӣ доранд, амалан афзоиш намеёбад", - гуфт ӯ.

Мясников мегӯяд, дар ин кишварҳо аллакай аз 60 то 70 дарсади алоҳӣ алайҳи бемории коронавирус ваксина гирифтаанд ва ҳолатҳои маргумир низ ба ҳамин хотир кам сурат мегирад.
Пизишк ба хулосае омад, ки навъи нави коронавирус ба зудӣ Русияро фаро хоҳад гирифт ва даъват кард, шаҳрвандон ба масъалаи ваксинагирӣ ҷиддӣ муносибат кунанд, то аз паёмадҳои нохуби ин навъ ҷилавгирӣ шавад.
Работа ковид-госпиталя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Пирону эминнашудаҳо: омикрон киҳоро бештар сироят мекунад
Штамми омикрон бори нахуст дар Африқои Ҷанубӣ ва Ботсвана кашф карда шуд. Фарқияташ аз штаммҳои қаблиро табибон дар таҳаввулоти зиёди он арзёбӣ менамоянд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ин штаммро "нигароникунанда" номид ва онро ба муносибати ҳарфи 15-уми алифбои юнонӣ "омикрон" номгузорӣ кард.
Коршиносон аз тавсеаи хоси штамми нав ҳам дар одамоне, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд ва ҳам ононе, ки ваксина гирифтаанд, мегӯянд.
Аломатҳои асосии омикрон дарди сар, хастагии шадид, табларза, дарди бадан ва сареъ шудани кори дил гуфта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0