https://sputnik.tj/20211226/dastgoh-prezident-parlumon-sattorzoda-mansab-nav-1044411608.html
Аз дастгоҳи президент ба парлумон: Сатторзода мансаби нав гирифт
Аз дастгоҳи президент ба парлумон: Сатторзода мансаби нав гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Абдуҷаббор Сатторзода, ки нимаи моҳи равон бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи сардори раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президент барканор шуд, дар парлумони ҷумҳурӣ мақоми нав гирифт
2021-12-26T09:35+0500
2021-12-26T09:35+0500
2021-12-27T17:17+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
парлумон
маҷлиси намояндагон
тағйирот
кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_0:151:2907:1786_1920x0_80_0_0_9cdb25edab4cf273a81a4350914cf02f.jpg
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сатторзода Абдуҷаббор роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъйин гардид. Қарори Маҷлиси намояндагон дар ин бора дар ҷаласаи ахир таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода қабул гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум". Сатторзода дар ин мақом Мизроб Кабировро иваз кард, ки аз соли 2016 то ҳол роҳбарии дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дошт. Далели барканории Мизроб Саидович баромаданаш ба нафақа арзёбӣ гардидааст. Ӯ моҳи июли соли равон 63-сола шуд. Бар асоси ҳолномаи Кабиров, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сомонааш нашр намудааст, ӯ соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, дар мақомоти адлия ва инчунин дар вазифаи мушовири давлатии раисҷумҳур дар бахши мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ кор кардааст. Ӯ ҳамчунин дар палатаи болои парлумони Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 2010 то 2016 роҳбарии дастгоҳи Маҷлиси миллиро ба уҳда доштааст.
https://sputnik.tj/20211217/taghyirot-kadri-maqomot-dodgohi-parlumon-1044228459.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/1c/1032538036_161:0:2744:1937_1920x0_80_0_0_4c59d7000c38eeb08fcddec27c48e99f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, парлумон, тағйироти кадрӣ, маҷлиси намояндагон, маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳ
тоҷикистон, парлумон, тағйироти кадрӣ, маҷлиси намояндагон, маҷлиси миллӣ, роҳбари дастгоҳ
Аз дастгоҳи президент ба парлумон: Сатторзода мансаби нав гирифт
09:35 26.12.2021 (Навсозишуда: 17:17 27.12.2021) Абдуҷаббор Сатторзода, ки нимаи моҳи равон бо амри раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи сардори Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи президент барканор шуд, дар парлумони ҷумҳурӣ мақоми нав гирифт
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сатторзода Абдуҷаббор роҳбари дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон таъйин гардид.
Қарори Маҷлиси намояндагон дар ин бора дар ҷаласаи ахир таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода қабул гардидааст, хабар дод нашрияи парлумонии "Садои мардум".
Сатторзода дар ин мақом Мизроб Кабировро иваз кард, ки аз соли 2016 то ҳол роҳбарии дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба уҳда дошт.
Далели барканории Мизроб Саидович баромаданаш ба нафақа арзёбӣ гардидааст. Ӯ моҳи июли соли равон 63-сола шуд.
Бар асоси ҳолномаи Кабиров, ки Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар сомонааш нашр намудааст, ӯ соли 1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, дар мақомоти адлия ва инчунин дар вазифаи мушовири давлатии раисҷумҳур дар бахши мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ кор кардааст.
Ӯ ҳамчунин дар палатаи болои парлумони Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 2010 то 2016 роҳбарии дастгоҳи Маҷлиси миллиро ба уҳда доштааст.