https://sputnik.tj/20211217/taghyirot-kadri-maqomot-dodgohi-parlumon-1044228459.html
Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳӣ бо пешниҳоди президенту ҷонибдории парлумон
Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳӣ бо пешниҳоди президенту ҷонибдории парлумон
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисҷумҳурро барои таъйину бозхонди додрасҳо дар додгоҳҳои олии кишвар тасдиқ намуд
2021-12-17T19:20+0500
2021-12-17T19:20+0500
2021-12-17T22:19+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
президент
додгоҳи олӣ
маҷлиси миллӣ
тағйирот
судяҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044228311_0:13:768:445_1920x0_80_0_0_dbfba453ac17dd789362f0f2574d1340.jpg
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Палатаи болоии парлумон ба се додрас дар додгоҳҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва олӣ мақом дода, барканории бархеи дигарро тасвиб намуд. Бар асоси пешниҳоди президенту тасвиби парлумон, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа додраси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон интихоб гардид. Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ шуд. Пешниҳоди таъйиноти Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад низ ба мақоми судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қабул шуд. Инчунин Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии кор дар мақоми судя аз додрасии Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ бозхонд гардид. Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ аз мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ бозхонд шудааст. Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне Шарифзода Азизҷон Шарифро аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод кард. "Шарифзода Азизҷон Шариф бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шавад", - омадааст дар фармони раисиҷумҳур. Тафсилоти кирдори Шарифзода зикр нашудаанд. Маврид ба зикр аст, қаблан президент супориш дода буд, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратура, ки шохаҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, аз шахсони тасодуфӣ тоза карда шаванд.
https://sputnik.tj/20211217/parlumon-habsi-shirinzoda-ijozat-1044225368.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/11/1044228311_373:125:800:445_1920x0_80_0_0_eb35080097cd8b54dda48f9312f70383.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тағйироти кадрӣ, пешниҳод, раисҷумҳур, додгоҳ, маҷлиси миллӣ
тағйироти кадрӣ, пешниҳод, раисҷумҳур, додгоҳ, маҷлиси миллӣ
Тағйироти кадрӣ дар мақомоти додгоҳӣ бо пешниҳоди президенту ҷонибдории парлумон
19:20 17.12.2021 (Навсозишуда: 22:19 17.12.2021) Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳодҳои раисҷумҳурро барои таъйину бозхонди додрасҳо дар додгоҳҳои олии кишвар тасдиқ намуд
ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. Палатаи болоии парлумон ба се додрас дар додгоҳҳои конститутсионӣ, иқтисодӣ ва олӣ мақом дода, барканории бархеи дигарро тасвиб намуд.
Бар асоси пешниҳоди президенту тасвиби парлумон, Қувватзода Фотеҳ Ҷумъа додраси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон интихоб гардид.
Хушмаҳмадзода Алифмо судяи Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ шуд. Пешниҳоди таъйиноти Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад низ ба мақоми судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон қабул шуд.
Инчунин Салимзода Юсуф Сафар бо сабаби расидан ба синни ниҳоии кор дар мақоми судя аз додрасии Додгоҳи Олии ҷумҳурӣ бозхонд гардид. Темурзода Шамсиддин Сафар бинобар вафоташ аз мақоми додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ бозхонд шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи равон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармоне Шарифзода Азизҷон Шарифро аз вазифаи раиси додгоҳи шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод кард.
"Шарифзода Азизҷон Шариф бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди шаҳри Гулистони вилояти Суғд озод карда шавад", - омадааст дар фармони раисиҷумҳур. Тафсилоти кирдори Шарифзода зикр нашудаанд.
Маврид ба зикр аст, қаблан президент супориш дода буд, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратура, ки шохаҳои муҳими давлатдорӣ мебошанд, аз шахсони тасодуфӣ тоза карда шаванд.