https://sputnik.tj/20211225/rushd-tijorat-rusiya-tojikiston-1044402179.html
Рушди тиҷорати миёни Русия ва Тоҷикистон рекорди нав гузошт
Рушди тиҷорати миёни Русия ва Тоҷикистон рекорди нав гузошт
Sputnik Тоҷикистон
Ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2021 тақрибан сеяк афзоиш ёфтааст
2021-12-25T11:26+0500
2021-12-25T11:26+0500
2021-12-27T12:49+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
тиҷорат
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032117335_0:0:3127:1759_1920x0_80_0_0_ef89b88042c6cfd5d67f29da6d018cc9.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад, гардиши молии ду кишвар дар давоми 11 моҳ аз як миллиард доллар гузашт, гуфтааст намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе Евгений Коренков дар мусоҳиба бо РИА "Новости".Вай тавзеҳ дод, ки тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли ҷорӣ гардиши мол дар миёни ин ду кишвар аз 1 миллиард доллар гузашта, 1,1 миллиард долларро ташкил дода, ки нишон медиҳад, ҳаҷми муомилоти мол 28,3 фоиз афзудааст. "Ин нишондиҳандаи рекордӣ аз соли 2014 аст", - таъкид кард намояндаи тиҷоратӣ.Коренков гуфт, аз рӯи натоиҷи ҳам соли гузашта ва ҳам имсол, 67 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон равобити тиҷоративу иқтисодӣ доранд. "Мо таҳлил ва муайян кардем, ки тақрибан 80 дарсади муомилоти мол ба ТОП-12, субъектҳои таркибии мо рост меояд. Дар қатори пешсафон дар баробари шаҳрҳои дорои аҳамияти федералӣ - Маскав ва Санкт-Петербург, вилоятҳои Свердловск, Оренбург, Москва, Челябинск ва Бошқирдистон ҳастанд", — гуфт ӯ. Намояндаи тиҷоратӣ қайд кард, ки маҳз шарикии байниминтақавӣ яке аз муҳимтарин ҷузъҳои афзоиши ҳузури тиҷории Русия дар Тоҷикистон мебошад."Дар воқеъ, аксари ширкатҳои минтақаӣ, соҳибкории хурду миёнае, ки молу хидматрасонии камтар доранд, метавонанд ба бозор роҳҳалли рақобатпазир пешниҳод кунанд, ки барои шарикони тоҷики мо мувофиқанд", - гуфт намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия.Ӯ гуфт, ҳамкориҳо бештар дар соҳаҳои маснуоти чӯбу тахта, коғаз, филизу маснуоти филизӣ, кимиёӣ, инчунин мошину таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт сурат гирифтаанд.
https://sputnik.tj/20211201/gardish-mol-rusiya-tojikiston-1043861482.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/13/1032117335_188:0:2919:2048_1920x0_80_0_0_ccf5353e3f57865c7f3376ee4bbbac2a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рушд тиҷорат русия тоҷикистон
рушд тиҷорат русия тоҷикистон
Рушди тиҷорати миёни Русия ва Тоҷикистон рекорди нав гузошт
11:26 25.12.2021 (Навсозишуда: 12:49 27.12.2021) Ҳаҷми гардиши мол миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2021 тақрибан сеяк баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад, гардиши молии ду кишвар дар давоми 11 моҳ аз як миллиард доллар гузашт, гуфтааст намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Душанбе Евгений Коренков дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
"Русия ҳамчун шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Бо вуҷуди буҳрони иқтисоди ҷаҳонӣ мо тавонистем динамикаи мусбати тиҷорати дуҷонибаро нигоҳ дорем", - гуфт ӯ.
Вай тавзеҳ дод, ки тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли ҷорӣ гардиши мол дар миёни ин ду кишвар аз 1 миллиард доллар гузашта, 1,1 миллиард долларро ташкил дода, ки нишон медиҳад, ҳаҷми муомилоти мол 28,3 фоиз афзудааст.
"Ин нишондиҳандаи рекордӣ аз соли 2014 аст", - таъкид кард намояндаи тиҷоратӣ.
Коренков гуфт, аз рӯи натоиҷи ҳам соли гузашта ва ҳам имсол, 67 субъекти Федератсияи Русия бо Тоҷикистон равобити тиҷоративу иқтисодӣ доранд.
"Мо таҳлил ва муайян кардем, ки тақрибан 80 дарсади муомилоти мол ба ТОП-12, субъектҳои таркибии мо рост меояд. Дар қатори пешсафон дар баробари шаҳрҳои дорои аҳамияти федералӣ - Маскав ва Санкт-Петербург, вилоятҳои Свердловск, Оренбург, Москва, Челябинск ва Бошқирдистон ҳастанд", — гуфт ӯ.
Намояндаи тиҷоратӣ қайд кард, ки маҳз шарикии байниминтақавӣ яке аз муҳимтарин ҷузъҳои афзоиши ҳузури тиҷории Русия дар Тоҷикистон мебошад.
"Дар воқеъ, аксари ширкатҳои минтақаӣ, соҳибкории хурду миёнае, ки молу хидматрасонии камтар доранд, метавонанд ба бозор роҳҳалли рақобатпазир пешниҳод кунанд, ки барои шарикони тоҷики мо мувофиқанд", - гуфт намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия.
Ӯ гуфт, ҳамкориҳо бештар дар соҳаҳои маснуоти чӯбу тахта, коғаз, филизу маснуоти филизӣ, кимиёӣ, инчунин мошину таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт сурат гирифтаанд.