https://sputnik.tj/20211209/kadom-seb-mufidtar-1044039144.html
Сурх ё зард: кадом навъи себ муфидтар аст?
Сурх ё зард: кадом навъи себ муфидтар аст?
Sputnik Тоҷикистон
Ранги дурахшони мева аз миқдори зиёди бета-каротин дар таркибаш шаҳодат медиҳад, мегӯяд ғизошинос
2021-12-09T12:05+0500
2021-12-09T12:05+0500
2021-12-09T13:56+0500
тандурустӣ
себ
мева
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032508071_2:0:2976:1673_1920x0_80_0_0_1298941ab0b48f61843f43f15cfd6855.jpg
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Аксари моддаҳои ғизоӣ дар себҳои сурх, зард ва норанҷиянд. Дар ин бора Марина Макиша, ғизошиноси рус, узви Ассотсиатсияи миллии диетологҳо ба хабаргузории "Москва 24" иттилоъ додааст. Ба гуфти вай, ранги дурахшони мева аз он шаҳодат медиҳад, ки дар таркиби он миқдори зиёди бета-каротин мавҷуд аст. Одатан он бештар дар себи зард, сурх ва норанҷӣ аст, шарҳ додааст ғизошинос. Табиб ҳушдор додааст, ки агар шахс аз бета-каротин ҳассосият дошта бошад, бояд себи сабзро интихоб кунад, ки дар таркиби он низ витамину маъданҳои фоиданок зиёданд, вале он бета-каротини камтар дорад.Чор нӯшокӣ, ки кори мағзи сарро метезонад
https://sputnik.tj/20211125/mandarin-foida-zarar-1043757600.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/17/1032508071_373:0:2604:1673_1920x0_80_0_0_5b8e2d5b27a254a5f85bbcdfdcce1671.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
себ, фоида, зарар, ранги зард, сабз, сурх
себ, фоида, зарар, ранги зард, сабз, сурх
Сурх ё зард: кадом навъи себ муфидтар аст?
12:05 09.12.2021 (Навсозишуда: 13:56 09.12.2021) Ранги дурахшони мева аз миқдори зиёди бета-каротин дар таркиби он шаҳодат медиҳад, мегӯяд ғизошинос
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Аксари моддаҳои ғизоӣ дар себҳои сурх, зард ва норанҷиянд.
Дар ин бора Марина Макиша, ғизошиноси рус, узви Ассотсиатсияи миллии диетологҳо ба хабаргузории "
Москва 24" иттилоъ додааст.
Ба гуфти вай, ранги дурахшони мева аз он шаҳодат медиҳад, ки дар таркиби он миқдори зиёди бета-каротин мавҷуд аст.
Одатан он бештар дар себи зард, сурх ва норанҷӣ аст, шарҳ додааст ғизошинос.
"Бета-каротин як антиоксиданти хуб аст. Воқеан ҳам муҳофизи хуб аст. Он ба ҷисм таъсири судманд дорад, бахусус ба нерӯи босира, майнаи сар ва рагҳои хунгард таъсири мусбат мерасонад", - гуфт ғизошинос.
Табиб ҳушдор додааст, ки агар шахс аз бета-каротин ҳассосият дошта бошад, бояд себи сабзро интихоб кунад, ки дар таркиби он низ витамину маъданҳои фоиданок зиёданд, вале он бета-каротини камтар дорад.