Чин ИМА ва НАТО-ро сабабгори вазъи кунунӣ дар Афғонистон хонд

© AFP 2023 / Bulent Kilic Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле
Женщина раздает хлеб нуждающимся детям перед пекарней в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Обуна шудан
Чин Амрико ва НАТО-ро сабабгорони аслии вазъи кунунӣ дар Афғонистон номида, талаб кардааст, ки ҳарчи зудтар дороиҳои ин кишварро озод намоянд
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин Чжао Литсян гуфт, Амрико ва НАТО бояд дар бораи корҳое, ки кардаанд, андеша кунанд, дороиҳои фаромарзии Афғонистонро бидуни таъхир озод ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар беҳбуди иқтисоди Афғонистон ва расидан ба ҳадафҳои он кумак намоянд.
Вай бо ишора ба тасвиби қатъномаи 2615-и Шӯрои Амнияти СММ, ки ироаи кумакҳои башардӯстона ба Афғонистонро пешбинӣ мекунад, таъкид кард, Чин ба унвони як кишвари дӯсти Афғонистон вазъи башарӣ дар ин кишварро пайгирӣ менамояд ва омодаи ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти иқтисодии он аст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин Чжао Литсзян мегӯяд, кишвараш минбаъд аз Созмони Милали Муттаҳид дар нақши як ҳамоҳангсоз ҳимоят ва аз ҳама шарикони байналмиллалӣ даъват мекунад, ки кумакҳои худро ба Афғонистон афзоиш диҳанд.
Путин: Афганистану должны помогать те, кто там был 20 лет - видео - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Путин: Ба Афғонистон бояд ҳамонҳое кумак кунанд, ки тӯли 20 сол он ҷо буданд - видео
"Чин ҳамеша бовар дошт, ки кумакҳои башардӯстона ба Афғонистон қатъномаҳои Шӯрои Амниятро нақз намекунанд", - хулоса кард Чжао.
Ин кумак ба ҳеҷ ваҷҳ набояд шартӣ ё сиёсӣ бошад ва мо бояд дарк кунем, ки аз моҳи августи соли ҷорӣ дар Афғонистон тағйироти амиқ ба амал омада, 39 миллион нафар дар ин кишвар бо буҳрони башарӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ахиран раисҷумҳури Русия низ дар нишасти матбуотияш гуфта буд, дар аввал, бидуни шак, бояд ба мардуми Афғонистон ёрӣ кард.
Вай таъкид кард, ин корро пеш аз ҳама бояд он давлатҳое анҷом диҳанд, ки ба иқтисоди Афғонистон ва худи мардуми ин кишвар зарари калон расондаанд.
Лентаи хабарҳо
0