https://sputnik.tj/20211222/tir-marz-tojikiston-qirghiziston-1044325216.html
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони қудратии Тоҷикистону Қирғизистон феълан вазъро дар ҷои ҳодиса меомӯзанд
2021-12-22T16:43+0500
2021-12-22T16:43+0500
2021-12-22T17:53+0500
дар тоҷикистон
қирғизистон
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/93/1029879300_0:58:1000:621_1920x0_80_0_0_172de857ed271ad9ac1746af1de4e5b8.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд. Мақомоти қирғиз аз тирпаронӣ хабар медиҳаду ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва то ҳол маълум нест, ки дар марз тирпаронӣ будааст ё не. Ба гуфти манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳодиса баъд аз зуҳри 22-юми декабр дар сарҳади миёни ҷамоати Овчиқалъача бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рух додааст.Манбаъ афзуд, намояндагони қудратии Тоҷикистону Қирғизистон феълан вазъро дар ҷои ҳодиса меомӯзанд.Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи "КамАЗ" айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст.Ёдрас менамоем, 17 декабр низ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи ноором дар марзи Тоҷикисону Қирғизистонро шарҳ дода гуфт, дар деҳаи Сомониён сохтмони ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон мунҷар ба муноқиша шудааст.КДАМ Тоҷикистон тирпаронӣ дар марз бо Қирғизистонро шарҳ додБинобар нақли КДАМ, он гоҳ сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқӣ бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ барпо намуд, аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯйи онҳо санг партофтанд.Дар натиҷа сардори дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз авҷи низоъ, бо риояи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.Намояндагони марзбонии тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, то ҳодисаро якҷоя тафтиш кунанд.
https://sputnik.tj/20211217/tirparoni-marz-tojikiston-qirghiziston-1044210321.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/93/1029879300_60:0:1000:705_1920x0_80_0_0_fce33a9c53eeb80e40d0b05c2e47e9db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон, тирпаронӣ,
тоҷикистон, қирғизистон, тирпаронӣ,
Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд
16:43 22.12.2021 (Навсозишуда: 17:53 22.12.2021) Намояндагони қудратии Тоҷикистону Қирғизистон феълан вазъ дар марзро меомӯзанд
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Марзи Тоҷикистону Қирғизистон боз ноором шуд. Мақомоти қирғиз аз тирпаронӣ хабар медиҳаду ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодиса идома дорад ва то ҳол маълум нест, ки дар марз тирпаронӣ будааст ё не.
Ба гуфти манобеъ аз ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳодиса баъд аз зуҳри 22-юми декабр дар сарҳади миёни ҷамоати Овчиқалъача бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон рух додааст.
Манбаъ афзуд, намояндагони қудратии Тоҷикистону Қирғизистон феълан вазъро дар ҷои ҳодиса меомӯзанд.
Дар ҳамин ҳол КДАМ Қирғизистон марзбонони тоҷикро дар захмӣ кардани ронандаи "КамАЗ" айбдор мекунанд. КДАМ Тоҷикистон то ҳол тафсилоти ин ҳодисаро ироа накардааст.
Ёдрас менамоем, 17 декабр низ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон вазъи ноором дар марзи Тоҷикисону Қирғизистонро шарҳ дода гуфт, дар деҳаи Сомониён сохтмони ғайриқонунӣ аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон мунҷар ба муноқиша шудааст.
Бинобар нақли КДАМ, он гоҳ сардори дидбонгоҳи сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз амалҳои зиддиҳуқуқӣ бо ҳамтои қирғизи худ вохӯрӣ барпо намуд, аммо зимни вохӯрӣ шаҳрвандони хашмгини Қирғизистон ба рафти он халал расонида, ба марзбонони тоҷик ҳамла карданд ва ба сӯйи онҳо санг партофтанд.
Дар натиҷа сардори дидбонгоҳи сарҳадии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз авҷи низоъ, бо риояи қонун ба ҳаво ду тири огоҳӣ холӣ кард ва издиҳоми хашмгинро боздошт.
Намояндагони марзбонии тарафҳо ба мувофиқа расидаанд, то ҳодисаро якҷоя тафтиш кунанд.