https://sputnik.tj/20211224/tars-turkiya-jang-alayhi-rusiya-1044388074.html
Тарси Туркия аз эҳтимоли ҷанг бо Русия
Тарси Туркия аз эҳтимоли ҷанг бо Русия
Sputnik Тоҷикистон
Туркия метавонад дар сурати муқовимат миёни Русия ва Украина ба нерӯҳои НАТО фармондеҳӣ кунад
2021-12-24T17:05+0500
2021-12-24T17:05+0500
2023-10-02T17:09+0500
амният ва мудофиа
туркия
дар русия
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101925/52/1019255260_0:116:2747:1661_1920x0_80_0_0_da29cdb010668283a74baba0fdb2d6f6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Афзоиши танишҳо дар атрофи Украина мустақиман ба Туркия таъсир мерасонад, менависад РИА "Новости" бо такя ба "Habertürk". Муаллифи мақола Четинер Четин ёдовар шудааст, ки имсол Анкара фармондеҳи нерӯи муштараки омодагии НАТО - пояи нерӯҳои вокуниши сареи паймон аст. Ин сохтори низомӣ соли 2014 барои ҷилавгирӣ аз Маскав дар замони буҳрони Украина таъсис дода шуда буд.Четин бовар дорад, дар сурати муноқишаи ошкор бояд Туркия аввалин шуда, ба Киев кумак кунад. Дар чунин вазъият Туркия бояд на танҳо дар амалиёти низомӣ ширкат мекунад, балки воқеан онро раҳбарӣ менамояд. Ба гуфти муаллифи матлаб, Анкара бояд “дар равобити низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иктишофӣ ниҳоят эҳтиёткор бошад”. "Аммо дар ҳоле ки мо дар фармондеҳии VJTF (Гурӯҳи муштараки омодагии олӣ - идора.) қарор дорем ва норинҷак ба зидди Русия ба дасти мо афтад, чӣ мешавад? Оё мо дар муносибат бо Маскав ва дар қиёс бо тахриби ҳавопаймои русӣ дар соли 2015 ба буҳрони бештар гирифтор нахоҳем шуд? Буҳрони Украинаву Русия чӣ гуна идора хоҳад шуд?" — суолгузорӣ кардааст Четин. Вақтҳои охир Ғарб ҳарчи бештар иддао мекунад, ки Русия барои "ҳуҷум" ба Украина омодагӣ мегирад. Маскав инро рад мекунад ва таъкид менамояд, ки ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худаш набояд касеро ба ташвиш орад. Тавре Кремл борҳо таъкид кардааст, аз чунин амалҳо ҳамчун баҳона барои ҷойгир кардани техникаи ҳарбӣ ва нерӯҳои НАТО дар марзҳои Русия истифода мешавад. Владимир Путин зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли як хабарнигори бритониёӣ дар бораи "эҳтимоли ҳамла"-и Русия ба Украина ишора кард, ки Маскав касеро таҳдид намекунад.
https://sputnik.tj/20211222/turkiya-pushtibon-terrorist-1044319133.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101925/52/1019255260_190:0:2558:1776_1920x0_80_0_0_bdba478ab4b09422b246e8aed5ba38a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия, ҷанг, русия
Тарси Туркия аз эҳтимоли ҷанг бо Русия
17:05 24.12.2021 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Туркия метавонад дар сурати идомаи муқовимат миёни Русия ва Украина ба нерӯҳои НАТО фармондеҳӣ кунад
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Афзоиши танишҳо дар атрофи Украина мустақиман ба Туркия таъсир мерасонад, менависад РИА "Новости" бо такя ба "Habertürk".
Муаллифи мақола Четинер Четин ёдовар шудааст, ки имсол Анкара фармондеҳи нерӯи муштараки омодагии НАТО - пояи нерӯҳои вокуниши сареи паймон аст. Ин сохтори низомӣ соли 2014 барои ҷилавгирӣ аз Маскав дар замони буҳрони Украина таъсис дода шуда буд.
Четин бовар дорад, дар сурати муноқишаи ошкор бояд Туркия аввалин шуда, ба Киев кумак кунад. Дар чунин вазъият Туркия бояд на танҳо дар амалиёти низомӣ ширкат мекунад, балки воқеан онро раҳбарӣ менамояд.
Ба гуфти муаллифи матлаб, Анкара бояд “дар равобити низомӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иктишофӣ ниҳоят эҳтиёткор бошад”.
"Аммо дар ҳоле ки мо дар фармондеҳии VJTF (Гурӯҳи муштараки омодагии олӣ - идора.) қарор дорем ва норинҷак ба зидди Русия ба дасти мо афтад, чӣ мешавад? Оё мо дар муносибат бо Маскав ва дар қиёс бо тахриби ҳавопаймои русӣ дар соли 2015 ба буҳрони бештар гирифтор нахоҳем шуд? Буҳрони Украинаву Русия чӣ гуна идора хоҳад шуд?" — суолгузорӣ кардааст Четин.
Вақтҳои охир Ғарб ҳарчи бештар иддао мекунад, ки Русия барои "ҳуҷум" ба Украина омодагӣ мегирад. Маскав инро рад мекунад ва таъкид менамояд, ки ҳаракати нерӯҳо дар қаламрави худаш набояд касеро ба ташвиш орад.
Тавре Кремл борҳо таъкид кардааст, аз чунин амалҳо ҳамчун баҳона барои ҷойгир кардани техникаи ҳарбӣ ва нерӯҳои НАТО дар марзҳои Русия истифода мешавад.
Владимир Путин зимни нишасти хабарӣ дар посух ба суоли як хабарнигори бритониёӣ дар бораи "эҳтимоли ҳамла"-и Русия ба Украина ишора кард, ки Маскав касеро таҳдид намекунад.