https://sputnik.tj/20211222/turkiya-pushtibon-terrorist-1044319133.html
Қодиров Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳо муттаҳам кард
Қодиров Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳо муттаҳам кард
Sputnik Тоҷикистон
Қодиров мақомоти Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳое, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, муттаҳам кард
2021-12-22T14:15+0500
2021-12-22T14:15+0500
2021-12-22T19:00+0500
туркия
рамазон қодиров
терроризм
пуштибонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_0:96:2270:1373_1920x0_80_0_0_9967af23ae25b39a633e885eceecfb21.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон мақомоти Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳое, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, муттаҳам кард ва аз Вазорати хориҷа хост, алайҳи Анкара чораҳои дипломатӣ андешад, хабар медиҳад РИА "Новости".Вай инчунин аз президенти Туркия Тайиб Эрдуғон талаб кард, ки тасмим бигирад: ё Анкара мақоми давлатеро мегирад, ки ошкоро террористҳоро дастгирӣ мекунад ё ҷонибдори равобити шаффофу пок бо Маскав, бидуни тағйир додани мавқеи худ боқӣ мемонад. Сиёсатмадор қайд кард, дар ҳоле ки "бандитҳо ва авбошони дар пайгард" дар Туркия паноҳ меёбанд, дар ҳоле ки онҳо ошкоро "ҷамъомаду чорабиниҳо ташкил мекунанд, то боғҳоро ба номи террористон иваз кунанд", Чеченистон посух додан ба ин ҳамаро ҳаққи худ медонад. Ба гуфтаи Қодиров, Вазорати корҳои хориҷии Русия бояд фаъол бошад ва алайҳи Анкара таҳримоти дипломатӣ ҷорӣ кунад, зеро амалҳои раҳбарияти Туркия мустақиман ба равобити ду кишвар таъсири манфӣ мерасонад.
https://sputnik.tj/20210903/qodirov-checheniston-istiqlol-davlati-alohida-1042046211.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/1b/1032159514_226:0:2255:1522_1920x0_80_0_0_36f4ffc6e1a5345e74b73d7248a2e3c9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қодиров, туркия, пуштибонӣ, террористҳо
қодиров, туркия, пуштибонӣ, террористҳо
Қодиров Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳо муттаҳам кард
14:15 22.12.2021 (Навсозишуда: 19:00 22.12.2021) Қодиров мақомоти Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳое, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон мақомоти Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳое, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, муттаҳам кард ва аз Вазорати хориҷа хост, алайҳи Анкара чораҳои дипломатӣ андешад, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Онҳо дар Туркия худро чунон осуда эҳсос мекунанд, ки дар суханрониҳои иғвоангезонаи худ зидди Русия, ҳатто нисбати занон беодобӣ зоҳир мекунанд", — навиштааст Қодиров дар канали "Telegram"-и худ.
Вай инчунин аз президенти Туркия Тайиб Эрдуғон талаб кард, ки тасмим бигирад: ё Анкара мақоми давлатеро мегирад, ки ошкоро террористҳоро дастгирӣ мекунад ё ҷонибдори равобити шаффофу пок бо Маскав, бидуни тағйир додани мавқеи худ боқӣ мемонад.
Сиёсатмадор қайд кард, дар ҳоле ки "бандитҳо ва авбошони дар пайгард" дар Туркия паноҳ меёбанд, дар ҳоле ки онҳо ошкоро "ҷамъомаду чорабиниҳо ташкил мекунанд, то боғҳоро ба номи террористон иваз кунанд", Чеченистон посух додан ба ин ҳамаро ҳаққи худ медонад.
"Масалан, дар ин маврид дар Грозний абадӣ гардонидани номи асосгузори Ҳизби коргари Курдистон Абдуллоҳ Оҷалон, ки дар яке аз зиндонҳои Туркия адои ҷазо мекунад, аз ҷониби мо комилан мантиқӣ ва сиёсӣ аст", - гуфт раҳбари Чеченистон.
Ба гуфтаи Қодиров, Вазорати корҳои хориҷии Русия бояд фаъол бошад ва алайҳи Анкара таҳримоти дипломатӣ ҷорӣ кунад, зеро амалҳои раҳбарияти Туркия мустақиман ба равобити ду кишвар таъсири манфӣ мерасонад.