https://sputnik.tj/20211224/maskav-iftitoh-bogh-dudaev-turkiya-mahkum-1044388362.html
Маскав ифтитоҳи боғи ба номи Дудаев дар Туркияро маҳкум кард
Маскав ифтитоҳи боғи ба номи Дудаев дар Туркияро маҳкум кард
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури хориҷии Русия номгузории боғе дар Туркия ба номи террорист Дудаевро маҳкум кард
2021-12-24T17:20+0500
2021-12-24T17:20+0500
2021-12-24T20:13+0500
сиёсат
туркия
чеченистон
номгузорӣ
террорист
мария захарова
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/04/1032391772_0:26:3073:1754_1920x0_80_0_0_b1f0baa66225a2c298d08cfeab9795fb.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия зимни шарҳи ифтитоҳи боғи ба номи Дудаев дар Туркия изҳор дошт, ки ин амал бо фазои ҳамкории ду кишвар созгор нест. Таъкид шуд, Маскав интизор дорад, Анқара паёмҳои Русияро ҷиддӣ қабул хоҳад кард. Ба гуфтаи Захарова, Русия ҳар амалияи поси хотири террористҳо, ҷангҷӯён, экстремистҳоро қабул надорад ва мавқеи қатъии Маскав мебошад. "Чунин талошҳо номатлубанду бидуни шак, маҳкумият аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунанд. Онҳо мухолифи фазои ҳамкории тарафайни Русия ва Туркия мебошанд, ки барои таҳкимашон роҳбарони ду давлат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд", - изҳор дошт Захарова. Ӯ изҳори умед кард, ки паёмҳои Русия дар мавриди номатлубии чунин иқдом аз ҷониби Туркия бо тамоми ҷиддият қабул хоҳанд шуд. Қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков қарори мақомоти Туркия дар мавриди ба номи террорист номгузорӣ намудани боғро барои сокинони Чеченистон дардовар хонда буд. Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон мақомоти Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳое, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, муттаҳам кард ва аз Вазорати хориҷа хост, алайҳи Анкара чораҳои дипломатӣ андешад. Боғи ба номи Дудаев дар яке аз минтақаҳои Туркия дар нимаи ин моҳ ифтитоҳ шуда буд. Дар пайи он Қодиров аз президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон талаб кард, тасмим бигирад, ё Туркия мақоми давлатеро мегирад, ки ошкоро террористҳоро дастгирӣ мекунад ё ҷонибдори равобити шаффофу пок бо Маскав, бидуни тағйир додани мавқеи худ боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20210903/qodirov-checheniston-istiqlol-davlati-alohida-1042046211.html
чеченистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/04/1032391772_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e04f71573d5e686bb979f17bf5de5e36.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазорати корҳои хориҷӣ, дудаев, туркия, маскав, мария захарова
вазорати корҳои хориҷӣ, дудаев, туркия, маскав, мария захарова
Маскав ифтитоҳи боғи ба номи Дудаев дар Туркияро маҳкум кард
17:20 24.12.2021 (Навсозишуда: 20:13 24.12.2021) Вазорати умури хориҷии Русия номгузории боғеро ба номи террорист Дудаев дар Туркия маҳкум кард
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия зимни шарҳи ифтитоҳи боғи ба номи Дудаев дар Туркия изҳор дошт, ки ин амал бо фазои ҳамкории ду кишвар созгор нест. Таъкид шуд, Маскав интизор дорад, Анқара паёмҳои Русияро ҷиддӣ қабул хоҳад кард.
Ба гуфтаи Захарова, Русия ҳар амалияи поси хотири террористҳо, ҷангҷӯён, экстремистҳоро қабул надорад ва мавқеи қатъии Маскав мебошад.
"Чунин талошҳо номатлубанду бидуни шак, маҳкумият аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳониро талаб мекунанд. Онҳо мухолифи фазои ҳамкории тарафайни Русия ва Туркия мебошанд, ки барои таҳкимашон роҳбарони ду давлат таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд", - изҳор дошт Захарова.
Ӯ изҳори умед кард, ки паёмҳои Русия дар мавриди номатлубии чунин иқдом аз ҷониби Туркия бо тамоми ҷиддият қабул хоҳанд шуд.
Қаблан сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков қарори мақомоти Туркия дар мавриди ба номи террорист номгузорӣ намудани боғро барои сокинони Чеченистон дардовар хонда буд.
Рамзан Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон мақомоти Туркияро дар пуштибонӣ аз террористҳое, ки дар Русия ҷиноят содир кардаанд, муттаҳам кард ва аз Вазорати хориҷа хост, алайҳи Анкара чораҳои дипломатӣ андешад. Боғи ба номи Дудаев дар яке аз минтақаҳои Туркия дар нимаи ин моҳ ифтитоҳ шуда буд.
Дар пайи он Қодиров аз президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон талаб кард, тасмим бигирад, ё Туркия мақоми давлатеро мегирад, ки ошкоро террористҳоро дастгирӣ мекунад ё ҷонибдори равобити шаффофу пок бо Маскав, бидуни тағйир додани мавқеи худ боқӣ мемонад.