Маълум шуд, хонандагони тоҷик моҳи январ чанд рӯз истироҳат мекунанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаТаджикские школьники на уроке
Таджикские школьники на уроке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
Вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, хонандагони тоҷик дар фасли сармо чанд рӯз истироҳат мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Аз 1 январи соли 2022 дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон таътили зимистона оғоз мешавад.
Таътили зимистонаи муҳассилини тоҷик 10 рӯз идома мекунад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф Зиёратшоҳ Назруллозода.
Чоряки дуюм дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон то 31 декабр ҷамъбаст мешавад.
Вазорат таъкид мекунад, ки таътил танҳо ба хонандагон дахл дошта, омӯзгорон дар ин муддат ба корҳои методӣ ва омодагӣ ба озмуни "Муаллими сол", гузаронидани маҷлисҳои падару модарон, суҳбат бо волидайни хонандагон ва чорабиниҳои таълимӣ сафарбар мешаванд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Интиқоди Раҳмон аз кори омӯзгорон: "Худамонро фиреб мекунем"
Давоми таътил аз ҷониби Вазорати маориф ба хонандагон барои мутолиа рӯйхати ададбиёти бадеӣ пешниҳод мегардад.
Ин ниҳод ҳамчунин нақша дорад, дар таътили зимистона хонандагонро ба барномаҳои илмию адабӣ, китобхонаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, дарсҳои иловагии компютерӣ, омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ҷалб намояд.
Ҳамчунин дар ин давра олимпиадаи ҷумҳуриявӣ доир мегардад, ки хонандагон ба он омодагӣ мегиранд.
Олимпиадаи ҷумҳуриявии мактаббачагон ҳамасола дар таътили зимистона баргузор мешавад. Он моҳи ноябр дар байни мактаббачагон гузаронида шуда, сипас дар сатҳи ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ барпо мегардад.
"Писарам, чаро нахондӣ?" Раҳмон гуфт, киҳо баъди 10 сол вазиру вакил мешаванд
Ёдрас менамоем, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумон аз сифати таълиму тарбия дар макотиби кишвар изҳори нигаронӣ кард.
Ӯ гуфт, муаллимон аз методҳои қадима кор мегиранд ва аз технологияи нави иттилоотӣ бехабаранд. Раҳмон таъкид кард, ки новобаста аз фанни дарсдиҳӣ бояд ҳар як омӯзгор ду забони хориҷӣ - русӣ ва англисиро донад.
Лентаи хабарҳо
0