https://sputnik.tj/20211221/intiqod-rahmon-kor-omuzgoron-maorif-tojikiston-1044287395.html
Интиқоди Раҳмон аз кори омӯзгорон: "Худамонро фиреб мекунем"
Интиқоди Раҳмон аз кори омӯзгорон: "Худамонро фиреб мекунем"
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз методи дарсдиҳии омӯзгорон интиқод кард
2021-12-21T11:45+0500
2021-12-21T11:45+0500
2022-01-07T15:02+0500
президент
эмомалӣ раҳмон
маориф
танқид
омӯзгор
кишвардор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043820425_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_19a93b50affa778d1c8e93bcfe35a62f.jpg
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон аз фаъолияти омӯзгорон интиқод карда, таъкид намуд, ки бе рушди маориф пешравии дигар соҳаҳо амри муҳол аст.Кишвардор зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумони кишвар гуфт, аксари омӯзгорон аз методҳои куҳнаи дарсдиҳӣ истифода мекунанд, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд.Кишвардор таъкид кард, ки бояд аз ин навъи низоми дарсдиҳӣ даст кашид.Ӯ гуфт, дар соҳаи маориф ислоҳот гузаронидан лозим аст.Президент ҳамчунин ба мавзуи забономӯзии хонандагону омӯзгорон дахл карда гуфт, бояд ҳар як омӯзгор ба ду забони хориҷӣ - русӣ ва англисӣ ҳарф зада тавонад.Ӯ таъкид кард, новобаста аз фанни дарсдиҳӣ муаллим бояд аққалан ба ин ду забон суҳбат карда тавонад.Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мехоҳад ба парлумон пешниҳод кунад, ки дар даҳ соли оянда ба мақомоти давлатӣ танҳо одамонеро ба кор гиранд, ки ин ду забони хориҷиро монанди забони модарияшон медонанд.
https://sputnik.tj/20211221/pisaram-rahmon-vaziron-vakilon-1044288176.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1d/1043820425_236:0:2967:2048_1920x0_80_0_0_281674f59efb81f24b99fe287befdce5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, тоҷикистон, президент, кишвардор,
эмомалӣ раҳмон, тоҷикистон, президент, кишвардор,
Интиқоди Раҳмон аз кори омӯзгорон: "Худамонро фиреб мекунем"
11:45 21.12.2021 (Навсозишуда: 15:02 07.01.2022) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кори омӯзгорон интиқод кард
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Президенти Тоҷикистон аз фаъолияти омӯзгорон интиқод карда, таъкид намуд, ки бе рушди маориф пешравии дигар соҳаҳо амри муҳол аст.
Кишвардор зимни ироаи паёми солонаи худ ба парлумони кишвар гуфт, аксари омӯзгорон аз методҳои куҳнаи дарсдиҳӣ истифода мекунанд, ки ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нестанд.
"Конспекти аксари муаллимон куҳна аст, системаи нави иттилотиро намефаҳманд. Аз куҷо баъд сифати таълим баланд мешавад? Мо худамон худамонро фиреб медиҳем, фақат шумора ҳасту диплом медиҳем", - гуфт президент.
Кишвардор таъкид кард, ки бояд аз ин навъи низоми дарсдиҳӣ даст кашид.
Ӯ гуфт, дар соҳаи маориф ислоҳот гузаронидан лозим аст.
Президент ҳамчунин ба мавзуи забономӯзии хонандагону омӯзгорон дахл карда гуфт, бояд ҳар як омӯзгор ба ду забони хориҷӣ - русӣ ва англисӣ ҳарф зада тавонад.
Ӯ таъкид кард, новобаста аз фанни дарсдиҳӣ муаллим бояд аққалан ба ин ду забон суҳбат карда тавонад.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, мехоҳад ба парлумон пешниҳод кунад, ки дар даҳ соли оянда ба мақомоти давлатӣ танҳо одамонеро ба кор гиранд, ки ин ду забони хориҷиро монанди забони модарияшон медонанд.