https://sputnik.tj/20211216/homid-kayzay-tolibonro-kobul-davat-1044188683.html
Ҳомид Карзай: Толибонро ман ба Кобул даъват кардам
Ҳомид Карзай: Толибонро ман ба Кобул даъват кардам
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҷумҳури собиқи Аф-онистон мегӯяд, ки толибон Кобулро ишғол накардаанд, балки ба ин шаҳр даъват шудаанд
2021-12-16T11:07+0500
2021-12-16T11:07+0500
2021-12-16T12:46+0500
афғонистон
толибон
ҳамид карзай
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/08/1028210844_0:0:1121:631_1920x0_80_0_0_aed726b216dfc83f9e6d495d42902642.png.webp
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" гуфтааст, вақте Ғанӣ фирор кард, ӯ аз толибон даъват кард, ки бесарусомониро қатъ кунанд ва дар бораи ояндаи Афғонистон Луи Ҷирга таъсис диҳанд. Ӯ дар мусоҳибааш гуфтааст, "ҳамаи мо бояд вазъро дарк ва иштибоҳҳои содиркардаамонро ислоҳ кунем".Ба гуфтаи ӯ, толибон пойтахти Афғонистонро нагирифтанд, балки даъват шуда буданд: "Баъди пинҳонӣ ва ногаҳон рафтани Ашраф Ғанӣ ман толибонро барои ҳифзи мардуми шаҳр даъват кардам".Карзай гуфт, ки "ман ин корро кардам, то шаҳр дучори бетартибӣ ва ғорати мардуму давлат нашавад".Вақте Ғанӣ рафт, маъмурони амниятии ӯ низ рафтанд. Вазири дифоъ Бисмиллоҳхон ҳатто аз Карзай пурсид, ки оё мехоҳад Кобулро тарк кунад. Карзай ба ӯ занг зад, то бифаҳмад, ки аз ҳукумат чӣ боқӣ мондааст. Маълум шуд, ки касе, хатто сардори пулиси Кобул набудааст, менависад "Associated Press".Карзай, ки 13 сол пас аз барканории ҳукумати пешини толибон дар пайи ҳамлаҳои 11 сентябр раисҷумҳур шуд, ин дафъа аз хориҷ шудан аз Афғонистон худдорӣ кард.Ёдовар мешавем, ҳукумати қаблии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди ҷангҷӯёни толиб дар 15 август Кобулро тарк кард.Худи президент бо чанд афроди наздик ба худаш ба Иморот фирор кард ва ба иттилои расонаҳо, бо худ садҳо миллион долларро ҳам бурдааст.
https://sputnik.tj/20211031/rivoyati-bismilloh-muhammadi-az-rori-ashraf-ghani-1043193520.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102821/08/1028210844_140:0:1088:711_1920x0_80_0_0_98f686f96529589a185930132e3b2b0b.png.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳомид карзай толибонро кобул афғонистон
ҳомид карзай толибонро кобул афғонистон
Ҳомид Карзай: Толибонро ман ба Кобул даъват кардам
11:07 16.12.2021 (Навсозишуда: 12:46 16.12.2021) Раисҷумҳури пешини Афғонистон мегӯяд, ки толибон Кобулро ишғол накардаанд, балки ба ин шаҳр даъват шудаанд
ДУШАНБЕ, 16 дек — Sputnik. Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" гуфтааст, вақте Ғанӣ фирор кард, ӯ аз толибон даъват кард, ки бесарусомониро қатъ кунанд ва дар бораи ояндаи Афғонистон Луи Ҷирга таъсис диҳанд.
Ӯ дар мусоҳибааш гуфтааст, "ҳамаи мо бояд вазъро дарк ва иштибоҳҳои содиркардаамонро ислоҳ кунем".
Ба гуфтаи ӯ, толибон пойтахти Афғонистонро нагирифтанд, балки даъват шуда буданд: "Баъди пинҳонӣ ва ногаҳон рафтани Ашраф Ғанӣ ман толибонро барои ҳифзи мардуми шаҳр даъват кардам".
Карзай гуфт, ки "ман ин корро кардам, то шаҳр дучори бетартибӣ ва ғорати мардуму давлат нашавад".
Вақте Ғанӣ рафт, маъмурони амниятии ӯ низ рафтанд. Вазири дифоъ Бисмиллоҳхон ҳатто аз Карзай пурсид, ки оё мехоҳад Кобулро тарк кунад. Карзай ба ӯ занг зад, то бифаҳмад, ки аз ҳукумат чӣ боқӣ мондааст. Маълум шуд, ки касе, хатто сардори пулиси Кобул набудааст, менависад "Associated Press".
Карзай, ки 13 сол пас аз барканории ҳукумати пешини толибон дар пайи ҳамлаҳои 11 сентябр раисҷумҳур шуд, ин дафъа аз хориҷ шудан аз Афғонистон худдорӣ кард.
Ёдовар мешавем, ҳукумати қаблии Афғонистон бо раҳбарии Ашраф Ғанӣ пеш аз вуруди ҷангҷӯёни толиб дар 15 август Кобулро тарк кард.
Худи президент бо чанд афроди наздик ба худаш ба Иморот фирор кард ва ба иттилои расонаҳо, бо худ садҳо миллион долларро ҳам бурдааст.