https://sputnik.tj/20211224/janjol-azo-devor-javon-zindon-1044379657.html
Ҷанҷоли аъзои ду оила барои девори байнашон: ҷавони 21-сола барои 15,5 сол зиндонӣ шуд
Ҷанҷоли аъзои ду оила барои девори байнашон: ҷавони 21-сола барои 15,5 сол зиндонӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҷанҷоли аъзои ду оилаи ҳамсоя бо сӯиқасди куштору авбошӣ анҷомида, ду бародарро пушти панҷара бурд
2021-12-24T14:40+0500
2021-12-24T14:40+0500
2021-12-24T19:21+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
куштор
милиса
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_049542da018d00f23d75ccb6af57e8c5.jpg
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба 15,5 соли зиндони низомаш сахт ҳукм кард. Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, бародари 31-солаи ин донишҷӯ дар авбошӣ гунаҳкор дониста шуда, барои се сол равона зиндон шудаст. Манбаъ тавзеҳ дод, ки бародарон бо аъзои як оилаи ҳамсояашон дар заминаи деворбандӣ кардани замини назди хонаашон дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Кӯшониён ҷанҷол кардаанд. Аз ҷумла бародарон моҳи майи соли равон қасд доштаанд, бо девор 2 метр замини пушти дарвозаи манзили истиқоматиашонро маҳкам кунанд, ки он роҳ ба сӯи хонаи ҳамсояашон будааст. Се мард аз узви оилаи ҳамсояҳо аз деворсозҳо хостаанд, ки роҳашонро набанданд ва дар ин замина миёнашон муноқиша рух додааст. Дар натиҷа донишҷӯи 21-сола корд гирифта, се марди ҳамсояро аз қисматҳои гуногуни баданашон, аз ҷумла қафаси сина маҷрӯҳ кардааст. Додгоҳи вилояти Хатлон дар натиҷаи баррасии қазия бародари хурдиро дар қасди одамкушию авбошӣ гунаҳкор дониста, бародари калониро барои авбошӣ равонаи зиндон намудааст.
https://sputnik.tj/20211213/vkd-tahkim-hamkori-miyoni-milisa-maktab-1044110804.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102895/83/1028958329_167:0:888:541_1920x0_80_0_0_d72cda7a73506b3e904dcddf3f6f5dac.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аъзои оила, ҷанҷол, ҳамсоя, сари замин
аъзои оила, ҷанҷол, ҳамсоя, сари замин
Ҷанҷоли аъзои ду оила барои девори байнашон: ҷавони 21-сола барои 15,5 сол зиндонӣ шуд
14:40 24.12.2021 (Навсозишуда: 19:21 24.12.2021) Ҷанҷоли аъзои ду оилаи ҳамсоя бо сӯиқасди куштору авбошӣ анҷомида, ду бародарро пушти панҷара бурд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Додгоҳи вилояти Хатлон донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро ба 15,5 соли зиндони низомаш сахт ҳукм кард.
Ба иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, бародари 31-солаи ин донишҷӯ дар авбошӣ гунаҳкор дониста шуда, барои се сол равона зиндон шудаст.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бародарон бо аъзои як оилаи ҳамсояашон дар заминаи деворбандӣ кардани замини назди хонаашон дар деҳаи Меҳрободи ноҳияи Кӯшониён ҷанҷол кардаанд.
Аз ҷумла бародарон моҳи майи соли равон қасд доштаанд, бо девор 2 метр замини пушти дарвозаи манзили истиқоматиашонро маҳкам кунанд, ки он роҳ ба сӯи хонаи ҳамсояашон будааст.
Се мард аз узви оилаи ҳамсояҳо аз деворсозҳо хостаанд, ки роҳашонро набанданд ва дар ин замина миёнашон муноқиша рух додааст. Дар натиҷа донишҷӯи 21-сола корд гирифта, се марди ҳамсояро аз қисматҳои гуногуни баданашон, аз ҷумла қафаси сина маҷрӯҳ кардааст.
Додгоҳи вилояти Хатлон дар натиҷаи баррасии қазия бародари хурдиро дар қасди одамкушию авбошӣ гунаҳкор дониста, бародари калониро барои авбошӣ равонаи зиндон намудааст.