https://sputnik.tj/20211213/vkd-tahkim-hamkori-miyoni-milisa-maktab-1044110804.html
ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд
ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ миёни мақомоти дохилӣ ва мактабҳо дар кишвар таҳким бахшида мешавад
2021-12-13T12:20+0500
2021-12-13T12:20+0500
2021-12-14T12:00+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
террористӣ
муноқиша
амал
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102541/35/1025413510_0:8:1001:571_1920x0_80_0_0_50fb2cbf9f07f369cd6b6ba07daeb96c.jpg
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста диққати ҷиддӣ дода мешавад, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, барои роҳандози равобит кормандони милиса дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону муҳассилин суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Зикр шудааст, ки аз ҷумла мақомдорони ВУД бо хонандагони литсейи давлатии рақами яки шаҳри Бохтар мулоқот намуданд. Полковник Юсуф Обидзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар ин мулоқот аз шароити фароҳамшуда барои таҳсили ҷавонону мактаббачагон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳар якеро зарур аст, барои аз худ кардани илму донишҳои муосир талош намояд.Инчунин дар ҷамъомад талаботи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тавзеҳ дода шуд. Пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, хусусан мактаббачагон аз мавзуъҳои меҳварии дигари ин мулоқот будаанд. Ба иттилои ВУД, муҳассилину омӯзгорон ваъда додаанд, ки барои пешгирии қонунвайронкуниҳо робитаро бо мақомоти милиса боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ миёни ноболиғон, аз ҷумла задухӯрдҳои гурӯҳӣ, ки баъзан бо марг меанҷоманд, пайваста дар ҷаласаҳои мақомоти умури дохилӣ баррасӣ мегарданду барои пешгирии чунин ҳолатҳо дастур дода мешавад.
https://sputnik.tj/20211206/munoqisha-margbor-noboligh-zindon-mahkum-1043970716.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102541/35/1025413510_114:0:885:578_1920x0_80_0_0_8782f154122015f41939ca5b452836c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкд, тоҷикистон, милиса, мақомот, умури дохилӣ, таҳсили ғайриқонунӣ, мактаб
вкд, тоҷикистон, милиса, мақомот, умури дохилӣ, таҳсили ғайриқонунӣ, мактаб
ВКД хостори таҳкими ҳамкорӣ миёни милиса ва мактаб шуд
12:20 13.12.2021 (Навсозишуда: 12:00 14.12.2021) Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамкорӣ миёни мақомоти дохилӣ ва мактабҳо дар кишвар таҳким бахшида мешавад
ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik. Ҳамкории миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста диққати ҷиддӣ дода мешавад, хабар дод Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, барои роҳандози равобит кормандони милиса дар тамоми муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорону муҳассилин суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд.
Зикр шудааст, ки аз ҷумла мақомдорони ВУД бо хонандагони литсейи давлатии рақами яки шаҳри Бохтар мулоқот намуданд.
Полковник Юсуф Обидзода, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дар ин мулоқот аз шароити фароҳамшуда барои таҳсили ҷавонону мактаббачагон гуфта, таъкид намудааст, ки ҳар якеро зарур аст, барои аз худ кардани илму донишҳои муосир талош намояд.
Инчунин дар ҷамъомад талаботи Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" тавзеҳ дода шуд.
Пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстримистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, хусусан мактаббачагон аз мавзуъҳои меҳварии дигари ин мулоқот будаанд.
Ба иттилои ВУД, муҳассилину омӯзгорон ваъда додаанд, ки барои пешгирии қонунвайронкуниҳо робитаро бо мақомоти милиса боз ҳам мустаҳкамтар хоҳанд кард.
Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ миёни ноболиғон, аз ҷумла задухӯрдҳои гурӯҳӣ, ки баъзан бо марг меанҷоманд, пайваста дар ҷаласаҳои мақомоти умури дохилӣ баррасӣ мегарданду барои пешгирии чунин ҳолатҳо дастур дода мешавад.