"Ҳақиқат зодаи баҳс аст": баррасии сиёсати кадрии Тоҷикистон дар МТС

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевХуршед Зиё
Хуршед Зиё - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2021
Обуна шудан
Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон масъалаи сиёсати кадрии давлат мавриди баррасӣ қарор гирифта, интизор меравад, ки хулосаҳои он ба ҳукумат пешниҳод гарданд
ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Хуршед Зиёӣ, мудири Маркази тадқиқоти стратегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон муҳим хонд, ки ба тайёр намудани кадрҳои баландихтсоси муосир дар ҷумҳурӣ беш аз пеш таваҷҷуҳ шавад.
Зиёӣ зимни конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Масъалаҳои рушди сиёсати давлатии кадрҳо дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо" дар хитоб ба иштирокдорони он гуфт, "ҳақиқат зодаи баҳс аст". Ба иттилои дафтари матбуотии Маркази тадқиқоти стратегӣ, Зиёӣ изҳори умед кард, ки олимони мақомдори кишвар масъалаҳои сиёсати кадриро таҳлил мекунанду барои ҳаллу фасли онҳо тавсияву маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Мудири Маркази тадқиқоти стратегӣ афзуд, ҳама гуна пешниҳодҳои арзишманд дар мавриди сиёсати кадрӣ ба ҳукумати ҷумҳурӣ ироа мешаванд. Аз мавзуъҳои меҳварии ҳамоиш ҷалби занон ба хидмати давлатӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, технологияи интихоб ва таъсири муҳоҷират ба захираҳои меҳнатӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ шуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Интиқоди Раҳмон аз кори омӯзгорон: "Худамонро фиреб мекунем"
Ин чорабинӣ дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар паёмаш ба парлумон аз сатҳи омодасозии кадрҳо дар кишвар интиқод намуд.
Роҳбари давлат гуфт, баъди 10 сол бояд аъзои ҳукумат, вакилон дигар мақомдорони давлатӣ бояд кадрҳое бошанд, ки ҳадди ақал ду забони хориҷиро ба мисли забони модарияшон донанд. "Инро ҳатман ҷорӣ кардан даркор", - таъкид намуд Раҳмон.
"Баъзан ҳуқуқшиносҳою иқтисоддонҳоеро, ки ба кор дар вазорату идораҳо қабул мешаванд, мепурсад, кадом забони хориҷиро медонанд. Намедонанд", - изҳор дошт раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон далели чунин ҳолатро низоми куҳнаи таълим гуфт, ки омӯзгорон конспектҳои қаблиашонро варақ мезананду аз фанновариҳои нави иттилооотӣ истифода намекунанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмини кадрҳои ҳирфаӣ роҳандозии ислоҳот дар низоми таълимро муҳим хонд.
Лентаи хабарҳо
0