https://sputnik.tj/20211223/vaksina-rusiya-koronavirus-mir19-1044346846.html
Бидуни таъсири манфӣ: "МИР 19", доруи дигари истеҳсоли Русия алайҳи COVID сабт шуд
Бидуни таъсири манфӣ: "МИР 19", доруи дигари истеҳсоли Русия алайҳи COVID сабт шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия боз як доруи дигар алайҳи маризии коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ сабти ном шуд 23.12.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-12-23T15:00+0500
2021-12-23T15:00+0500
2021-12-23T15:00+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044346648_0:101:1001:664_1920x0_80_0_0_51ba9c02bc3a8a6ca7cb0c943906fcaf.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия давои нави зидди коронавирусро бо номи "МИР 19" сабти ном кардааст, хабар медиҳад сомонаи Агентии федеролии биотиббӣ.Дар Пажӯҳишгоҳи давлатии илмии иммунология таҳти роҳбарии профессор Мӯсо Ҳаитов бо супориши роҳбари Агентии федеролии биотиббӣ, Вероника Сквортсова дору барои табобати COVID-19 таҳия шудааст.Дору дар сатҳи генетикӣ кор мекунад: он ба таври интихобӣ фаъолияти пайдарпайии ҳаётан муҳими вирусии РНК-ро пахш мекунад, дар ҳоле ки ба геноми инсон таъсир намерасонад. Тадқиқотҳои клиникии дору бехатарӣ ва самаранокии онро исбот карданд. "МИР 19" ба бадани инсон таъсир намерасонад, ҳадафи он вирус аст, гуфт хадамоти матбуотӣ. Вай ягон таъсири тараф надорад.Ёдовар мешавем, "Спутник V" - аввалин ваксинаи ҷаҳонӣ алайҳи коронавирус аст, ки онро Русия таҳия кард. Ҳарчанд ҳоло СҶБ онро қабул накардааст, вале дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин навъ ваксина мавриди истифода қарор гирифтааст.
https://sputnik.tj/20210226/vaksina-dushmanon-Rusiya-Sputnik-V-haros-1032898231.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044346648_43:0:928:664_1920x0_80_0_0_d39bd05ea97a3fa85e6c19c50de47fdb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, дар русия, коронавирус
тандурустӣ, дар русия, коронавирус
Бидуни таъсири манфӣ: "МИР 19", доруи дигари истеҳсоли Русия алайҳи COVID сабт шуд
Дар Русия боз як доруи дигар алайҳи маризии коронавирус аз ҷониби Вазорати тандурустӣ сабти ном шуд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия давои нави зидди коронавирусро бо номи "МИР 19" сабти ном кардааст, хабар медиҳад сомонаи Агентии федеролии биотиббӣ.
Дар Пажӯҳишгоҳи давлатии илмии иммунология таҳти роҳбарии профессор Мӯсо Ҳаитов бо супориши роҳбари Агентии федеролии биотиббӣ, Вероника Сквортсова дору барои табобати COVID-19 таҳия шудааст.
Дору дар сатҳи генетикӣ кор мекунад: он ба таври интихобӣ фаъолияти пайдарпайии ҳаётан муҳими вирусии РНК-ро пахш мекунад, дар ҳоле ки ба геноми инсон таъсир намерасонад.
"Қисмҳои асосии дору молекулаҳои синтетикии РНК-и хурди дахолаткунанда мебошанд, ки дар дохили ҳуҷайраи сироятшудаи бадан геноми патогенро ҳадаф қарор дода, ба таназзули он мусоидат мекунанд", - омадааст дар хабар.
Тадқиқотҳои клиникии дору бехатарӣ ва самаранокии онро исбот карданд.
"МИР 19" ба бадани инсон таъсир намерасонад, ҳадафи он вирус аст, гуфт хадамоти матбуотӣ. Вай ягон таъсири тараф надорад.
Ёдовар мешавем, "Спутник V" - аввалин ваксинаи ҷаҳонӣ алайҳи коронавирус аст, ки онро Русия таҳия кард. Ҳарчанд ҳоло СҶБ онро қабул накардааст, вале дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин навъ ваксина мавриди истифода қарор гирифтааст.