Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Таъйиноти кадрӣ дар Данғара: Абдуллозода вазифа гирифт

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Қаблан дар ин вазифа Бунафша Файзиддинова фаъолият мекард
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Дар ҳукумати ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон таъйиноти кадрӣ сурат гирифтааст, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".
Гуфта мешавад, дар мувофиқа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини нави раиси ноҳияи Данғара таъйин шудааст.

"Ба курсии муовини раиси ноҳияи Данғара Фариза Абдуллозода нишаст", - таъкид мешавад дар хабар.

Абдуллозода то ҳол сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон буд.
Мансаби духтари Раҳмон, “допингхӯрӣ”-и Муин ва боз таниш бо қирғизҳо
Маврид ба зикр аст, ки қаблан муовини раиси ноҳияи Данғара Бунафша Файзиддинова буд, ки чанде пеш бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси шаҳри Леваканд таъйин гардид.
Лентаи хабарҳо
0