Силоҳи русӣ: парвози муваффақи "Алтиус"

© Министерство обороны РФ / Гузариш ба медиабонкПервый полет беспилотника «Альтиус-У»
Первый полет беспилотника «Альтиус-У» - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Анҷоми озмоишҳои бесарнишини иктишофӣ ва зарбазании "Алтиус" маънои онро дорад, ки Русия бо иқтидори аълои технологӣ ба доираи чанд кишвари тавлидкунандаи ҳавопаймоҳои "дурпарвоз" ворид мешавад
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Сергей Шойгу, вазири дифои Русия 21 декабр гуфт: “Санҷиши ҳавопаймои бесарнишини дарозмуддати “Алтиус-РУ” анҷом ёфт. Ин воқеаи муҳим барои Русия ва ҷаҳон аст. Қаблан дар клуби “Heavy Attack Drone" танҳо Иёлоти Муттаҳида (MQ-9 “Reaper”), Исроил (IAI “Eitan”) ва Туркия (“Байрактар ​​Акинҷи”) ҳузур доштанд.
Дронҳои “Алтиус-РУ” дорои як қатор хусусиятҳои барҷаста мебошанд. Чизи асосӣ ин зеҳни сунъӣ аст, ки имкон медиҳад, он мустақилона қарор қабул кунад, масир созад, ҳадафро муайян кунад ва ба онҳо зарба занад. Дар ҷаҳон чунин навъ бесарнишинҳо вуҷуд надоранд.
Радиуси таъсирбахши ҷангии он то 5000 км аст, имкон медиҳад, ки 1000 кг боррои дар ақибгоҳи душман таҳвил диҳад. "Altius" дорои хати махсуси тарҳрезишудаи силоҳи мушакӣ ва барои бомб, суръати крейсерӣ 250 км-соат, системаи навигатсионӣ инерсиалӣ SP-2 мебошад, ки радёбии радарҳоро коҳиш медиҳад ва қобилияти болои муқовимат бо ин гуна иқдомотро дорад.
Агар дар вақти парвози тӯлонӣ (то 48 соат) вазъияти оперативӣ ва мақсадҳои афзалиятнок тағйир ёбанд, ба воситаи канали моҳвораӣ аз ҳазор километр дуртар аз пойгоҳ идора кардани бесарнишин имконпазир аст.
Ҳавопаймои бесарнишини сангини иртифооти муттавасит (бо вазни шаш тонна, боли 28,5-мертӣ, тӯли 11,6-метрӣ) барои нест кардани танкҳо, иншооти тӯпхонаӣ, мошинҳои зиреҳпӯш, объектҳои муҳофизатшаванда ва нерӯи душман пешбинӣ шудааст. Намоиши мушакҳои зидди киштӣ дар як ҳавопаймои чандманзураро пешгӯӣ кардан мумкин аст. Доираи истифодаи ҷангӣ имкон медиҳад, ки “Altius” мушобеҳи мушакҳои миёнапарвоз аст.

Рақибон ва рақибони эҳтимолӣ

Тобистони соли гузашта як ҳавопаймои бесарнишини Русия бо мушакҳои идорашавандаи ҳаво ба замин ва бомбҳои идорашаванда бомуваффақият ҳамлаҳои ҳавоӣ анҷом доду аҳдофро исобат кард.
Вазорати дифои Федератсияи Русия дар аввали соли 2021 ба нахустин бахши озмоишии "Алтиус" фармоиш дод, ки аз эътимоди кофӣ дар нисбати он шаҳодат медиҳад.
Бесарнишини русии "Алтиус"-и Русияро аз ҷиҳати қобилиятҳои дронҳои ҳамла бо ПАҲПОД-ҳои се кишвар муқоиса кардан мумкин аст: ҳавопаймои амрикоии MQ-9 “Reaper”, “Байрактар ​​Акинҷи”-и туркӣ ва IAI “Эйтан”-и исроилӣ.
Аҷиб аст, ки тавлидкунандагон қобилияти “Акинҷи”-ро барои истифодаи мушаки болдори SOM-A бо фосилаи то 250 км (4 метр дарозӣ ва вазни 620 кг) бар зидди ҳадафҳои заминӣ эълон карданд.
Ҳол он ки он бо сатҳи поини маневраш ва қобили мушоҳида буданаш аз тариқи радарҳо танҳо дар мубориза бо “шӯришгарон”, гурӯҳҳои террористии Ироқ ё Афғонистон, ки системаи зиддиҳавоӣ (системаҳои дифои ҳавоӣ) надоранд, муфид буда метавонанд. Дар маёдини амалиётии аврупоӣ ин гуна дронҳо самар нахоҳанд дод.
"Altius"-и русӣ аз ҳамтоёни хориҷияш пеш аз ҳама аз рӯи мустақилияти амалҳо (зеҳни сунъӣ), иқтидори ҳамгироии ҷангӣ, маҷмаи мукаммали аслиҳа ва радаргурезии бештар бартарӣ дорад. Тибқи пешгӯии коршиносон, ин дастгоҳ бо арсенали худ аз беҳтарин моделҳои ҷаҳон дар осмон ва дар бозори байналмилалӣ аст.
Русия, бешак, дар мусобиқаи технологӣ дар соҳаи дифоъ пирӯз мешавад: ҳавопаймоҳои бесарнишинаш дар беш аз 50 кишвари ҷаҳон тавлид мешаванд. Аммо авлавият қобилияти мудофиавӣ аст, на афзоиши фурӯш ба шарикони хориҷӣ.

" Иноходец" ва "Форпост"

Ҳамзамон бо муваффақияти "Алтиус" Сергей Шойгу дар коллегияи Вазорати дифои Русия ҳамчунин аз оғози интиқоли ҳавопаймоҳои бесарнишини "Иноходец" ва "Застава" ба нерӯҳои низомӣ ёдовар шуд.
Ин маълумот дар бораи рушди мутаносиби бахши русии ҳавопаймоҳои бесарнишин барои мақсадҳои ҳарбӣ шаҳодат медиҳад. “Иноходец” шабеҳи бесарнишини “Орион”-и истихборотӣ ва муҳоҷим аст. Ҳавопаймои дувуми зикршуда дар зумраи иктишофиҳои муассир аст, ки таҷрибаи дусола инро собит кардааст.
"Орион" (он ҳамон “Иноходец”) мутавасситпарвоз дастгоҳест, ки дорои қобилияти парвози тӯлонӣ (то 24 соат), бардошти бори ҷангӣ то 200 кг (мушакҳои роҳнамо, бомбҳои ҳавоии ислоҳшуда) мебошад. Он дорои хусусиятҳои беназири тактикӣ ва техникӣ, истихборотии қавитарин, "чашмони электронӣ" дар ҷаҳон мебошад.
"Орион" барои нест кардани ҳадафҳои доимӣ ва ҳаракаткунандаи заминӣ, мошинҳои зиреҳпӯш, нақлиёт ва нерӯи душман пешбинӣ шудааст.
Бесарнишини "Форпост" рисолати истихборотӣ, назорати манотиқ, суратгирӣ, харитакаширо анҷом медиҳад. Ин ҳавопаймои бесарнишин қодир аст, нуқтаҳои дифои электронии душманро ошкор кунад, ба кори радио халал расонад ва сигналҳои радиоро боздорад.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, "Форпост" дар артиш худро хуб нишон додааст. Дар Сурия барои бори аввал аз он истифода шуд, ки дар он ҷо ин бесарнишин барои мушоҳидаи пинҳонӣ ва назорати ҳамлаҳо ба мавқеъҳои террористӣ истифода мешуд.
Ҳавопаймои бесарнишин инчунин барои посбонӣ дар соҳили баҳри Сиёҳ пешбинӣ шудааст, ки қодир аст, бо истифода аз таҷҳизоти оптикӣ, радиотехникӣ, радарӣ иктишофи шабонарӯзӣ гузаронад ва ба киштиҳои ҷангӣ, системаҳои мушакии соҳилӣ ҳадафҳоро нишон диҳад.
Бо дарназардошти сиёсати таҳримии Ғарб муҳим он аст, ки “Forpost-R” пурра аз ҷузъҳои русӣ сохта шавад.
Дар ҳамин ҳол, таҳияи ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия идома дорад ва навтарин ҳавопаймои бесарнишини вазнини иктишофию зарбазании S-70 "Охотник" барои амалиёти ҷангии зеҳнӣ омода мешавад. Лоиҳаи бесарнишини муҳоҷими ҳафттоннаии "Thunder" низ таҳия шуда истодааст.
Ба канали шореҳи низомӣ Александр Хроленко дар “Telegram” пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0