Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон як зина поин рафт

© AP / Steffen SchmidtЛоготип ФИФА, архивное фото.
Логотип ФИФА, архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.12.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон дар радабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол мавқеашро тағйир дод ва як зина поин рафт
ДУШАНБЕ, 23 ноя – Sputnik. Бар пояи ин радабандӣ, ки дар сомонаи ташкилот нашр 23 декабр нашр шуд, Тоҷикистон дар миёни 210 кишвари ҷаҳон дар мақоми 116-ум қарор гирифтааст.
Дар радабандии гузашта мунтахаби кишвар дар ҷойи 115 буд.
Тибқи нишондоди FIFA, яккачини Тоҷикистон бо 1152 имтиёз дар ин мақом ҷой гирифтааст.
Дар ин рейтинг чун моҳи пеш дастаи мунтахаби Белжик бо 1828 имтиёз пешсаф аст.
Зинаи дуюмро Бразилия (1826) ва сеюмро Фаронса (1786) аз худ кардаанд. Дастаи мунтахаби Англия бо 1755 хол дар зинаи чорум қарор дорад. Ба даҳгонаи тимҳо Аргентина, Италия, Испания, Португалия, Дания, Нидерландия ворид шудаанд.
Рустам Эмомали и представитель FIFA - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
ФИФА ваъда дод, ки ба футболи тоҷик 16 миллион евро медиҳад, аммо бо як шарт
Русия бошад, бо 1493 имтиёз дар мақоми 34-ум қарор гирифтааст.
Аз дастаҳои осиёӣ Эрон пешсаф аст, ки бо 1557 имтиёз дар зинаи 20-ум ҷой гирифта, Ҷопону Корея пас аз он қарор гирифтаанд.
Миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ болотар аз ҳама Ӯзбекистон қарор дошта, дар ҷойи 84-ум ва пас аз он Қирғизистон дар зинаи 96-ум ҷой гирифтаанд. Қазоқистон бошад, поинтар аз Тоҷикистон, ҷойи 119-ум ва Туркманистон мақоми 133-юмро касб кардаанд.
Ёдовар мешавем, нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги дастаҳои ҷаҳонӣ дар моҳи июли соли 2013 буд, ки он сол кишвар 40 зина боло рафта, дар ҷойи 106-ум қарор гирифта буд.
Рейтинги FIFA аз соли 1993 ба ин сӯ тартиб дода шуда, имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои дастаҳои мунтахаби миллии онҳо дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0