https://sputnik.tj/20211223/putin-afzoish-marg-rusiya-1044351044.html
Путин афзоиши мизони марг дар Русияро шарҳ дод
Путин афзоиши мизони марг дар Русияро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ ба саволи рӯзноманигор дар бораи афзоиши рӯзафзуни маргу мир дар Русия посух дод
2021-12-23T15:33+0500
2021-12-23T15:33+0500
2021-12-23T20:05+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
владимир путин
дар русия
коронавирус
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044348367_0:0:3493:1964_1920x0_80_0_0_a2aa014b13569c42f975ecf68d43184d.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Сатҳи баланди фавт аз коронавирус натиҷаи нокифояи масунияти оммавӣ аст, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ.Феълан масуният омма дар Русия 59,4%-ро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки бояд 80 дарсад бошад, ёдовар шуд Путин.Президент қайд кард, афроде, ки ваксина гирифтаанд ва бемориро аз сар гузаронидаанд, амалан дубора ба он гирифтор намешаванд.Раҳбари Кремл хотиррасон кард, ки дар ИҶШС ба сиёсати моякӯбӣ чӣ тавр муносибат мекарданд. "Чап-чап-чап ва тамом, рафтем", - гуфт ӯ. Президент инчунин дар бораи паҳн кардани ваксинаҳои мухталифи зидди коронавирус дар саросари ҷаҳон изҳори назар кард.Раҳбари Русия дар толори намоишгоҳи марказии "Манеж"-и Маскав суханронӣ мекунад.Имсол ба далели чораҳои зидди эпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар аз кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.Путин таъсири коронавирус ба иқтисоди Русияро арзёбӣ кардАз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.Суолҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор дахл доранд.Мавзуъҳои аслии суханронии Путин дар рӯзи 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар ин кишвар ва ҳамчунин эмкунӣ хоҳанд буд.
https://sputnik.tj/20211223/putin-mukholif-jazo-vaksinbezorho-1044348652.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/17/1044348367_277:0:3008:2048_1920x0_80_0_0_cb5dbf587f1225747691df16d149b754.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, владимир путин, коронавирус
русия, владимир путин, коронавирус
Путин афзоиши мизони марг дар Русияро шарҳ дод
15:33 23.12.2021 (Навсозишуда: 20:05 23.12.2021) Президенти Русия Владимир Путин дар нишасти хабарӣ ба суоли рӯзноманигоре дар бораи афзоиши рӯзафзуни маргумир дар Русия посух дод
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Сатҳи баланди фавт аз коронавирус натиҷаи нокифояи масунияти оммавӣ аст, гуфт президенти Русия Владимир Путин зимни нишасти матбуотӣ.
Феълан масуният омма дар Русия 59,4%-ро ташкил медиҳад, дар ҳоле ки бояд 80 дарсад бошад, ёдовар шуд Путин.
Президент қайд кард, афроде, ки ваксина гирифтаанд ва бемориро аз сар гузаронидаанд, амалан дубора ба он гирифтор намешаванд.
"Танҳо 1%-и ашхосе, ки ин бемориро аз сар гузаронидаанд, бори дуввум ва танҳо 3-4% аз ваксинашудаҳо бемор мешаванд", - таъкид кард Путин.
Раҳбари Кремл хотиррасон кард, ки дар ИҶШС ба сиёсати моякӯбӣ чӣ тавр муносибат мекарданд.
"Чап-чап-чап ва тамом, рафтем", - гуфт ӯ.
Президент инчунин дар бораи паҳн кардани ваксинаҳои мухталифи зидди коронавирус дар саросари ҷаҳон изҳори назар кард.
Раҳбари Русия дар толори намоишгоҳи марказии "Манеж"-и Маскав суханронӣ мекунад.
Имсол ба далели чораҳои зидди эпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавирус 507 нафар аз кормандони ВАО ба толор роҳ ёфтанд.
Аз рӯи анъана, нишастҳои бузурги матбуотии Владимир Путин ҷамъбасти сол ҳисобида мешаванд.
Суолҳои рӯзноманигорон маъмулан ба бахшҳои мухталифи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Русия, баъзан ба ҳаёти шахсии кишвардор дахл доранд.
Мавзуъҳои аслии суханронии Путин дар рӯзи 23 декабр натоиҷи иқтисодӣ, пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ҷорӣ кардани QR-код дар ин кишвар ва ҳамчунин эмкунӣ хоҳанд буд.