https://sputnik.tj/20211223/muvofiqa-rusiya-tojikiston-terrorist-afghon-1044333223.html
Мувофиқаи Русияву Тоҷикистон барои мубориза алайҳи таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон
Мувофиқаи Русияву Тоҷикистон барои мубориза алайҳи таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони мақомоти ду кишвар роҷеъ ба масоили амниятӣ мулоқоти навбатӣ баргузор карданд
2021-12-23T09:03+0500
2021-12-23T09:03+0500
2021-12-23T13:06+0500
дар тоҷикистон
афғонистон
мубориза
терроризм
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041525098_0:156:3000:1844_1920x0_80_0_0_197bc0df348d78e222c71f0973cd7385.jpg
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм тадобири муштарак хоҳанд андешид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст. Созишномаҳо дар ин бора зимни як мулоқот миёни Олег Сиромолотов - муовини вазири корҳои хориҷии Русия ва ҳамтои тоҷикаш Содиқ Имомӣ ҳосил шудаанд. Ҳамин тариқ дипломатҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ пас аз тағйири вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд.Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар робита ба пешгирӣ аз таҳдидҳо ҳамкории бештареро ба роҳ монанд.Сиромолотов ва Имомӣ ба муқовимат бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ"* ва зарурати муттаҳид кардани талошҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд."Дар бораи тавсеаи пай дар пайи муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар платформаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СПАД, СҲШ созиш ҳосил шуд", - афзуд вазорат. Ёдовар мешавем, мулоқоти намояндагони вазоратҳои хориҷаи ду кишвар дар чаҳорчӯби даври навбатии машваратҳои Русияву Тоҷикистон сурат гирифт. Қаблан вазирони умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳамоҳангсозии иқдомот дар мавриди авзоъ дар Афғонистон ба мувофиқа расида буданд.
https://sputnik.tj/20211218/muloqot-rahimzoda-rusiya-tojikiston-1044244221.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/0a/1041525098_167:0:2834:2000_1920x0_80_0_0_e06fcd9cbb1000ceec1b9e90553a2e43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мувофиқа русия тоҷикистон мубориза террорист афғон
мувофиқа русия тоҷикистон мубориза террорист афғон
Мувофиқаи Русияву Тоҷикистон барои мубориза алайҳи таҳдидҳои террористӣ аз Афғонистон
09:03 23.12.2021 (Навсозишуда: 13:06 23.12.2021) Намояндагони мақомоти ду кишвар дар робита масоили амниятӣ мулоқоти навбатияшонро баргузор карданд
ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон барои мубориза бо терроризм тадобири муштарак хоҳанд андешид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст.
Созишномаҳо дар ин бора зимни як мулоқот миёни Олег Сиромолотов - муовини вазири корҳои хориҷии Русия ва ҳамтои тоҷикаш Содиқ Имомӣ ҳосил шудаанд.
Ҳамин тариқ дипломатҳо масъалаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ пас аз тағйири вазъ дар Афғонистонро баррасӣ кардаанд.
"Барои таҳкими ҳамкориҳои махсуси Русияву Тоҷикистон ба манфиати таъмини суботу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мешавад", — хабар дод вазорат.
Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар робита ба пешгирӣ аз таҳдидҳо ҳамкории бештареро ба роҳ монанд.
Сиромолотов ва Имомӣ ба муқовимат бо созмонҳои террористӣ, аз ҷумла "Давлати исломӣ"* ва зарурати муттаҳид кардани талошҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд.
"Дар бораи тавсеаи пай дар пайи муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар платформаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СПАД, СҲШ созиш ҳосил шуд", - афзуд вазорат.
Ёдовар мешавем, мулоқоти намояндагони вазоратҳои хориҷаи ду кишвар дар чаҳорчӯби даври навбатии машваратҳои Русияву Тоҷикистон сурат гирифт.
Қаблан вазирони умури хориҷии Русия ва Тоҷикистон дар мавриди ҳамоҳангсозии иқдомот дар мавриди авзоъ дар Афғонистон ба мувофиқа расида буданд.