Сабаби ҷорӣ шудани патенти нав барои муҳоҷирон дар Русия маълум шуд

© Sputnik / Денис Гришкин / Гузариш ба медиабонкПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы близ деревни Сахаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Омили асосии ҷорӣ шудани патенти нав барои муҳоҷирон дар Русия маълум шуд ва намояндаи расмии Кумитаи тафтишот ин тасмимро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Русия аз авохири моҳи ҷорӣ барои муҳоҷирон патенти нав медиҳад. Омили асосии тағйир ёфтани патентро намояндаи расмии Кумитаи тафтишот Светлана Петренко дар суҳбат бо РИА "Новости" ба суҳулати кори мақомот дар зимни содир шудани ҷиноёт аз тарафи муҳоҷирон муртабит донистааст.
Зеро шакли нави патент тамоми маълумот дар мавриди муҳоҷирро дар бар мегирад.

"Муқаррар кардани замони будубоши муҳоҷирон, дақиқ муайян кардани маълумот дар бораи онҳо ва ҳамчунин дарёфти муҳоҷири ҷиноят содиркарда осон мегардад, ки ин ба коҳиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад", - афзуд ӯ.

Ба гуфтаи вай, ҷорӣ намудани кортҳои пластикӣ, ки дорои маълумоте бо изи ангушт ва акси соҳиби он аст, ки марҳилаи муҳиме дар суҳулати ҳуҷҷтагузорӣ ва сабти иқомати хориҷиён дар Русия маҳсуб мешавад.
"Чунин навоварӣ ба шаҳрвандоне, ки қонунан дар кишвари мо қарор доранд, имкон медиҳад, ин ҷо кор кунанд. Тадбир инчунин барои ин тоифа шахсон хусусияти пешгирикунанда дорад: ҳама ба таври возеҳ мефаҳманд, ки агар дар қаламрави Русия амали ғайриқонуние анҷом диҳад, шахси ӯ зуд ошкор мешавад", - илова намуд Петренко.
Қаблан вазири умури дохилии Русия Владимир Колоколтсев фармонеро имзо карда буд, мутобиқи он, аз охири моҳи декабр тавзеи патенти ҷадид ба муҳоҷирони корӣ шуруъ мешуд.
Получить патент в Многофункциональном Миграционном Центре Москвы в Сахарово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Тасдиқи навъи нави патент дар Русия
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар патентҳои нав микросхемае насб хоҳад шуд, ки тамоми иттилоотро дар мавриди соҳиби санад фаро мегирад. Аз ҷумла маълумоти инфиродии биологӣ, акси электронӣ ва дигар иттилоъ, ки барои муайянсозии шахс заруранд.
Дар патентҳои ҷадид инчунин маълумот дар бораи фаъолияти меҳнатии муҳоҷир ворид мегардад.
Мақомоти умури дохилии Русия гуфтаанд, дар даҳ моҳи соли равон теъдоди муҷаввизҳои нашршуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб ду баробар зиёд аст. Аз ҷумла бар асоси иттилои расмӣ, тайи моҳҳои январ-октябри соли 2021 ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ як миллиону 853 ҳазору 395 патент дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0