Тасдиқи навъи нави патент дар Русия

© YouTube / Moscow Migration CenterПолучить патент в Многофункциональном Миграционном Центре Москвы в Сахарово
Получить патент в Многофункциональном Миграционном Центре Москвы в Сахарово - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Обуна шудан
Мақомоти умури дохилии Русия навъи нави патентро тасдиқ кардаанд, ки ҳомили иттилои электронӣ дар мавриди соҳибаш мебошад
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Русия патенти навъи ҷадидро тасдиқ карда, ба додани он оғоз мекунад.
Фармони Вазорати умури дохилии Русия дар ин бора дар пойгоҳи иттилооти ҳуқуқӣ нашр гардидааст, ки аз 29 декабр мавриди амал қарор мегирад.
Дар санад омадааст, шакли нави патент тасдиқ карда шавад, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ё нафари бешаҳрвандии воридшуда бо тартиби бидуни раводид, дода мешавад. Навъи нави патент дар шакли корти электронии ҳомили иттиллоот хоҳад буд.
Тавзеҳ дода шудааст, ки дар патентҳои нав микросхемае насб хоҳад шуд, ки тамоми иттилоотро дар мавриди соҳиби санад фаро мегирад. Аз ҷумла маълумоти инфиродии биологӣ, акси электронӣ ва дигар иттилоъ, ки барои муайянсозии шахсият заруранд.
Пешеходы идут по Патриаршему мосту в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Баҳси мақомоти Русия дар мавриди муҳоҷирон: қонунҳои нав чигуна хоҳанд буд
Дар патентҳои ҷадид инчунин маълумот дар фаъолияти меҳнатии муҳоҷир ворид мегардад.
Патент, иҷозатномаи корест, ки ба муҳоҷирони меҳнатии воридшуда бидуни раводид дода мешавад.
Мақомоти умури дохилии Русия гуфтанд, дар даҳ моҳи соли равон теъдоди муҷаввизҳои нашршуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб ду баробар зиёд шудааст. Аз ҷумла бар асоси иттилои расмӣ тайи моҳҳои январ-октябри соли 2021 ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ 1 миллиону 853 ҳазору 395 патент дода шудааст.
Инчунин таъкид кардааст, теъдоди шаҳрвандоне, ки ба унвони муҳоҷири корӣ дар Русия сабти ном шудаанд, афзоиш ёфтааст. Дар соли 2020 шумораи онҳо беш аз ҳашт миллион ва дар соли 2021 беш аз даҳ миллионро ташкил додаст.
Лентаи хабарҳо
0