https://sputnik.tj/20211222/rusiya-ki-tolibon-fishor-1044320219.html
ВУХ Русия гуфт, кадом давлат ба толибон фишор меорад
ВУХ Русия гуфт, кадом давлат ба толибон фишор меорад
Sputnik Тоҷикистон
Амали ИМА вазъ дар Афғонистонро вазнин мекунад: онҳо ба ҷои эътиофи хатогиҳои худ фишанги молиявиро сахт доштаанд, то ба талаботи толибон фишор оваранд.
2021-12-22T14:45+0500
2021-12-22T14:45+0500
2021-12-22T19:21+0500
амният ва мудофиа
има
афғонистон
толибон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013533_0:0:3520:1980_1920x0_80_0_0_85f58af69ca91b4df66a87f9edec2a9a.jpg
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Амали ИМА вазъ дар Афғонистонро вазнин мекунад: онҳо ба ҷои эътиофи хатоҳои худ фишанги молиро сахт доштаанд, то ба толибон фишор оранд.Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Вазорати умури хориҷии Русия менависад.Ёдрас менамоем, Кохи Сафед ахиран эълон кард, ки қасди озод кардани захираҳои пулии Афғонистонро надорад, ки дар бонкҳои хориҷӣ масдуд шудаанд.Зиёда аз 10 миллиард доллар аз захоири арзии Бонки марказии Афғонистон аз замони суқути ҳукумати қаблӣ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида мунҷамид шудааст.Аксари ин маблағҳо дар бонкҳои Иёлоти Муттаҳида масдуд шудаанд.Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Амирхон Муттакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, миллиардҳо доллари мунҷамидшудаи Афғонистонро раҳо кунанд.Изҳороти Кохи Сафед бошад, дар ҳоле садо дод, ки қурби афғонӣ дар баробари доллар дар бозорҳои Афғонистон ба поинтарин сатҳ расидааст.Беқурбшавии афғонӣ ва болоравии қурби доллар боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар ин кишвар шудааст.Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибонТолибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.Толибон мехоҳанд нерӯи ҳавоие созанд, ки аз кумаки Тоҷикистон вобаста набошадРӯзи 15-уми август онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.Рӯзи 6-уми сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.
https://sputnik.tj/20211222/smm-tolibon-million-dollar-peshnihod-kard-1044318067.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013533_225:0:2865:1980_1920x0_80_0_0_b7a1f5a2a5ca90d2b624584597ca7ff0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, толибон, муносибат, русия
има, толибон, муносибат, русия
ВУХ Русия гуфт, кадом давлат ба толибон фишор меорад
14:45 22.12.2021 (Навсозишуда: 19:21 22.12.2021) Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, Амрико ба ҷои эътирофи иштибоҳ толибонро фишор меорад
ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Амали ИМА вазъ дар Афғонистонро вазнин мекунад: онҳо ба ҷои эътиофи хатоҳои худ фишанги молиро сахт доштаанд, то ба толибон фишор оранд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба Вазорати умури хориҷии Русия менависад.
Ёдрас менамоем, Кохи Сафед ахиран эълон кард, ки қасди озод кардани захираҳои пулии Афғонистонро надорад, ки дар бонкҳои хориҷӣ масдуд шудаанд.
Зиёда аз 10 миллиард доллар аз захоири арзии Бонки марказии Афғонистон аз замони суқути ҳукумати қаблӣ аз сӯйи Иёлоти Муттаҳида мунҷамид шудааст.
Аксари ин маблағҳо дар бонкҳои Иёлоти Муттаҳида масдуд шудаанд.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Амирхон Муттакӣ, иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи толибон дар мусоҳиба бо хабаргузории "Associated Press" аз Амрико ва кишварҳои дигар даъват кард, миллиардҳо доллари мунҷамидшудаи Афғонистонро раҳо кунанд.
Изҳороти Кохи Сафед бошад, дар ҳоле садо дод, ки қурби афғонӣ дар баробари доллар дар бозорҳои Афғонистон ба поинтарин сатҳ расидааст.
Беқурбшавии афғонӣ ва болоравии қурби доллар боиси якбора боло рафтани қимати маводи ғизоӣ дар ин кишвар шудааст.
Ғасби ҳукумат аз ҷониби толибон
Толибон пас аз он ки Амрико дар баҳори соли ҷорӣ эълом кард, нерӯҳои мусаллаҳи худро аз Афғонистон берун мекунад, амалиёти густурда барои ғасби ҳукумат дар ин кишварро оғоз карданд.
Рӯзи 15-уми август онҳо бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва президент Ашраф Ғанӣ ин кишварро тарк кард.
Рӯзи 6-уми сентябр толибон эълон карданд, ки тамоми қаламрави Афғонистонро таҳти назорат қарор додаанд ва 7 сентябр ҳайати ҳукумати муваққатро эълон карданд, ки то ҳол аз ҷониби ягон давлат эътироф нашудааст.